Ғаффор Ҷаббори

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғаффор Ҷаббори
Ҷаббори Ғаффор
Таърихи таваллуд: 4 декабр 1963(1963-12-04) (56 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Бохтар , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғаффор Ҷаббори – иқтисодчӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Ғаффор Ҷаббори 4 декабри соли 1963 дар ноҳияи Бохтар таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1983 совхоз – техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Бохтар ва соли 1993 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст. Ихтисос: зоотехник, иқтисодчӣ

  • Солҳои 1980-1983-донишҷӯи совхоз — техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ;
  • Солҳои 1983-1984-техник–лабаранти калони идораи молпарварии давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1984-1986-ҳисобчии хоҷагии ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ (Бохтар);
  • Солҳои 1986-1988-ҳисобчии фабрикаи мурғпарварии хоҷагии Навободи ноҳияи Куйбишев;
  • Солҳои 1988-1991-мудири анбори Сарраёсати автомобили вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1991-1992-иқтисодчии Сарраёсати автомобилии вилояти Хатлон;
  • Соли 1992 (06-11)-сардори шуъбаи захиратаъминкунии Сарраёсати автомобилии вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1992-1995-ҷонишини Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолию техникӣ ва таъминоти моддии комплекси агросаноатии вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1995-2002-директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолию техникӣ ва таъминоти моддии комплекси агросаноатии вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2002-2003-директори генералии ҶСШК «Хатлонтранс»;
  • Солҳои 2003-2007-ҷонишини аввали сардори идораи нақлиёти вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2007-2008-раиси хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидови ноҳияи Бохтар;
  • Солҳои 2008-2013-раиси ноҳияи Хуросон;
  • Солҳои 2013-2014-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бохтар;
  • Аз моҳи марти соли 2014 - то инҷониб Раиси ноҳияи Бохтар мебошад.

Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст.[1]

Ҷоиза ва ҷойизаҳо[вироиш]

Соли 2011 бо медали ҷашни «20 – солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Сарчашма[вироиш]

  1. Ғаффор Ҷаббори(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.