Ғижжаки контрабас
Ғижжаки контрабас — дар оркестри созҳои халқӣ ҷойи чорумро ишғол менамояд.
Соли 1943 дар Консерваторияи давлатии шаҳри Тошканд лабораторияи илмию таҷрибавӣ таъсис ёфт ва як зумра устоҳо бо роҳбарии А. И. Петросян ба такмилу таҷдиди созҳои халқӣ шурӯъ карданд. Маҳз бо ташаббуси онҳо созҳои халқӣ ба гурӯҳҳои мустақил ҷудо карда шуданд. Гурӯҳи ғижжакҳо дар асоси квинтети оркестри симфонӣ такмил дода, бо бисёр нишонаҳо (ҷӯр, номгӯи торҳо, диапазон, иҷрои штрихҳо ва ғайра) ба онҳо монанд шудаанд. Баъдтар ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас пайдо гаштанд. Гурӯҳи ғижжакҳоро дар партитураи оркестрӣ аз ҳама охир ҷойгир мекунанд. Тартиби ҷойгиршавии ғижжакҳо чунин аст: ғижжакҳои якум ва дуюм (онҳоро ғижжаки прима мегӯянд), ғижжаки алт, ғижжаки бас ва ғижжаки контрабас.
Ғижжаки контрабас с-ҳои 50-уми садаи XX ихтироъ шудааст. Танааш нисбат ба ғижжаки бас ду баробар калонтар, дастааш дарози ғафс. Онро асосан рост истода менавозанд. Дар байни гурӯҳи ғижжакҳо ҷойи охирро ишғол менамоянд ва овозҳои регистри аз ҳама пасти гурӯҳи ғижжакиҳоро иҷро мекунад. Нотааш дар калидҳои бас, тенор ва скрипка сабт шуда, аз навишташ як октава паст садо мебарорад. Ғижжаки контрабас чор тор дошта, бо фосилаи кварта ҷӯр мешавад: тори якум «сол»-и октаваи хурд, тори дуюм «ре»-и октаваи хурд, тори сеюм «ля»-и октаваи калон, тори чорум «ми»-и октаваи калон. Диапазонаш аз нотаи «ми»-и октаваи калон то «ми»-и октаваи якумро дар бар мегирад. Ғижжаки контрабас дар оркестр асосан вазифаи поягузории овозҳои басиро иҷро мекунад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Вызго Т. С., Музыкальные инструменты Средней Азии //Исторические очерки, М., 1980;
- Петросян А. И., Инструментовидение// Узбекские народные инструменты, Т., 1980;
- Ҷумъаев Ҳ., Охунов Ҷ., Дарси ғижак, Д., 1983.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.