Ғиёсиддин Ашурзода
Ғиёсиддин Ашурзода | |
|---|---|
| Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод | |
| Таърихи таваллуд: | 3 май 1976 (50 сол) |
| Зодгоҳ: | ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
| Шаҳрвандӣ: |
|
| Таҳсилот: | Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон (1999) |
| Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод |
| Унвонҳои илмӣ: | дотсент |
| Ҳизб: | Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон |
| Навъи фаъолият: | вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII |
Ғиёсиддин Ашурзода (Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод; зод. 3 майи соли 1976, ноҳияи Ҳисор, ҶШС Тоҷикистон) — арбоби давлатӣ, иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII.[1].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод 3 майи 1976 дар ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1999 Донишкадаи тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси муносибатҳои иқтисоди байналхалқӣ хатм намудааст. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Корнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғиёсиддин Ашурзода фаъолияти кориашро хамчун ходими хурди илмии институти иқтисодии АИ ҶумҳурииТоҷикистон оғоз намуда, соли 2001 ба ҳайси ассистенти кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон фаъолият намудаст.
- Солҳои 2003 - 2006 ҳамчун муаллими калони кафедраи назарияи иқтисоди Донишкадаи андоз ва ҳуқуқи Тоҷикистон кор кардаас,
- Аз соли 2006 то соли 2008 — муовини декан оид ба таълими факултети иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
- Аз соли 2008 то соли 2009 — ёвари ректори Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон буд.
- Солҳои 2009 - 2010 — муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ҳамин донишкада буд.
- Солҳои 2009 - 2010 — мудири шуъбаи таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.
- Солҳои 2010 – 2011 — сардори шуъбаи таҳсили ғоибонаи №1-и Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.
- Аз соли 2011 то 2012 — декани факултети иқтисодиёт ва молияи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон.
- Аз соли 2012 то 2014 — декани факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
- Солҳои 2014 - 2017 — муовини ректор оид ба илми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
- Аз сентябри соли 2017 то соли 2018 — декани факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон.
- Аз моҳи майи соли 2018 то марти 2020 — мудири кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон кор кардааст.
- Аз 25 декабри соли 2024 — Раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мебошад.[2]
- Аз 2 марти соли 2025 то инҷониб — вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII. Раиси Кумита оид ба иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ.[3].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғиёсиддин Ашурзода соли 2009 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Организационно-экономические основы формирования конкурентоспособного сельского хозяйства Гиссарской зоны Таджикистана» дифоъ намудааст. Ӯ муаллифи беш аз 78 мақолҳои илмӣ-оммавӣ, 3 китоби дарсӣ, 2 манография ва 4 васоити таълимӣ мебошад.[4].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод(тоҷ.). www.parlament.tj. 8 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- ↑ Анҷумани XI Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон баргузор гардид(тоҷ.). www. khovar.tj. 13 апрели 2025 санҷида шуд.
- ↑ Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод(тоҷ.). www.parlament.tj. 8 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- ↑ Ашурзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод(тоҷ.). www.parlament.tj. 8 июли 2025 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 30 май 2023.
- Зодагони 3 май
- Зодагони соли 1976
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ҳисор
- Номзадҳои улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Сиёсатмадорон аз рӯи алифбо
- Википедиа:Мақолаҳои бесурат дар бораи сиёсатмадорон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Вакилони Маҷлиси Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII
- Олимони Тоҷикистон
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон