Ғиёсиддин Шарифзода

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғиёсиддин Шарифзода
Ғиёсиддин Шарифзода Абдуваҳҳоб
Таърихи таваллуд: 24 декабр 1961(1961-12-24) (62 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Айнӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон
Навъи фаъолият: вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғиёсиддин Шарифзода Абдуваҳҳобомӯзгор, ҳуқуқшинос, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғиёсиддин Шарифзода, 24 декабри соли 1961 дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад. Ў соли 1984 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори фани таърих хатм карда, соли 1999 ҳамин муассисаи олии кишварро бо тахассуси ҳуқуқшинос ба итмом расонидааст. Ғиёсиддин Шарифзода аз ибтидои фаъолият дар соҳаҳои фарҳангу маънавиёти кишвар заҳмат кашида, меҳнатҳои мондагору софдилонаи ӯ дар соҳаҳои маориф ва фарҳанги кишвар бо нишонҳои Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Медали Хидмати шоиста қадршиносӣ шудаанд.

  • Солҳои 1979 - 1984 - Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
  • Солҳои 1982 - 1984 - Корманди Китобхонаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абулқосим Фирдавсӣ.
  • Солҳои 1984-1987 - Муаллими мактаби миёнаи №19, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ.
  • Солҳои 1987-1996 - Ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19, деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ.
  • Солҳои 1996-2009 - Мудири шуъбаи фарҳанги ноҳияи Айнӣ.
  • Аз апрели соли 2009 то с 2020 - Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]