Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғори Савр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод


ҒОРИ САВР غارثور ғорест дар қуллаи кӯҳи Савр, 5,4 км ҷа­нубтари ш. Макка, дар ба­ландии тақр. 750 м аз с. б.

Тавсифи ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯҳ бо номи Атҳал ё Саври Атҳал низ ёд шудааст. Ба як қавл, аз номи Савр ибни Абдулманот – яке аз ашрофи Қурайш, ки дар кӯҳи мазкур зода шуда буд ё мезист, гирифта шудааст; ба қавли дигар, бинобар ба шакли гови нар (ба ара­бӣ «савр») ё чанбаршох буданаш чунин ном­гузорӣ шудааст. Ғор ду даромадгоҳ (ғарбиву шарқӣ) дорад. Даро­мад­го­ҳи ғарбӣ дар ибтидо ба андозае танг буд, ки як тан бо душ­ворӣ аз он мегузашт; он минбаъд борҳо васеъ карда шуд. Алҳол бар ва баландии даҳонаи ғарбӣ дар ҳудуди 0,5 м аст. Тӯли Ғори Савр 18 ваҷаб ва бари бахши мобайни он 11 ваҷаб, баландии даруни ғор ба андозаи қади як инсон ва масоҳаташ 2,5 м2 аст. Дар дохили он 2–3 нафар нишаста на­моз хонда метавонанд.

Қиссаи Ғори Савр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муҳаммад (с) соли 13-уми биъсат (рисолат), бо мақ­са­ди раҳоӣ аз дасти мушрикони Қурайш шабе, ки бо номи «Лай­латулмабит» («Шаби шабгузаронӣ») маъруф аст, Алӣ ибни Абитолибро дар бистари хоби худ гузошта, қасди ҳиҷ­рат аз Макка ба Мадина кард. Паёмбар (с)-ро дар ин сафар Абубакри Сиддиқ ҳамроҳӣ мекард ва ба ифтихори ин ҳам­сафарӣ ба унвони «Ёри ғор» маъруф гардид. Мушрикон таваҷ­ҷуҳашонро бештар ба шимоли Макка равон намуда буданд, зеро сафар ба Мадина ҳатман ба он сӯ ан­ҷом мегирифт, аммо паёмбар (с) барои ба гумроҳӣ андох­тани онҳо ба самти ҷануби Макка раҳ­си­пор гардида, дар Ғори Савр паноҳ бурд ва муддати се ша­бо­нарӯз он ҷо монд. Дар ин муддат хӯроки онҳоро писари Абубакри Сиддиқ – Аб­дуллоҳ таъмин мекард. Ба эъҷо­зи илоҳӣ анкабуте бар да­ри ғор тор танида, як ҷуфти кабӯ­тар бар он ошёна гузошта буд. Мушрикон дар таъ­қи­би паёмбар (с) ба Ғори Савр расиданд, вале бо дидани ин манзара гумон карданд, ки ба даруни ғор муддатҳо касе надаромадааст, аз ин рӯ, ба он ворид нашуда бозгаштанд.

Зикр дар Қуръон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ху­дованд дар ин маврид мефармояд: «Агар ӯро ёрӣ ҳам надиҳед, Худо ӯро нусрат до­дааст, он гоҳ ки кофирон ӯро, ки дуввумин каси дунафара буд, [аз ватан] берун кар­данд; вақте онҳо дар Ғор буданд, вақте ба ёри худ мегуфт: Ғамгин мабош, ҳамоно Ху­до бо мост…» (Қуръон: 9, 40). Баъди навмед гаштани муш­рикон аз ёфтани паёмбар (с) ӯ бо шутуроне, ки фарзан­дони Абубакри Сиддиқ – писараш Абдуллоҳ ва духтараш Асмоа фароҳам карда буданд, роҳи Мадинаро пеш гирифт. Ин ҳодиса оғози ҳиҷрати паёмбар (с) аз Макка ба Мадина ба шумор меравад.

Ҷойгоҳ дар таърих ва шариат

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар наздикии Ғори Савр ғори дигари хурдтаре низ ҳаст, ки зери тахтасанги монанд ба косаи воруна қарор дорад. Ғори Савр дар баробари Ғори Ҳиро аз осори боқимондаи аҳди рисолат ба шумор рафта, зиёрати он аз ҷумлаи амалҳои мус­таҳаб (писандида) аст. Бештари пайроҳаи кӯҳӣ ба сам­ти Ғори Савр барои осонтар кардани рафтуомади зиёраткунандагон, ки беш аз як соат тӯл мекашад, ба шакли зина-зина сохта шудааст. Баъзе муаррихон иштибоҳан Ғори Саврро бо Ғори Ҳиро омехтаанд.

Ғори Савр / С. Маҳмадуллоҳ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.