Jump to content

Ғори Ҳиро

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғори Ҳиро (ар. غار حرا‎) — ғорест дар кӯҳи Ҳиро, дар 4 км ши­молу шарқи шаҳри Макка. Дар маъхазҳои қадимӣ фосилаи байни Ғори Ҳиро то Макка як фарсанг ё се мил зикр шудааст. Алҳол ба сабаби васеъшавии ш. Макка кӯҳи Ҳиро до­хили шаҳр қарор гирифта, масофаи байни он ва Мас­ҷи­дулҳаром ҳудуди 4–6 км-ро ташкил медиҳад.

Тавсифи ҷуғрофӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯҳи Ҳи­ро дар фосилаи 1,5 км самти рости шоҳроҳи МиноАрафот, дар баландии 560 м аз с. б. воқеъ гардида, аз Ғори Ҳиро то қуллаи кӯҳ тақр. 50 м аст. Баландии ғор 2 м, бараш 1,2 м ва дарозиаш низ тақр. 2 м. Ғори Ҳиро гунҷоиши 5 нафари нишас­таро дошта, дар гӯшае аз он танҳо як нафар мегунҷад. Да­ҳони ғор ба самти шимол буда, аз он танҳо як нафари ми­ёнақад гузашта метавонад. Дохили ғор аз ҳангоми тулӯъ то ғуруби офтоб равшан аст, аммо гармои сӯзон ба он нуфуз намекунад. Барои баромадан ба кӯҳ, зимнан ба Ғори Ҳиро фақат як пайроҳа вуҷуд дорад.

Ҷойгоҳи таърихӣ ва динӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Паёмбар (с), ки муддатҳо қабл аз рисолати худ ба хил­ват­нишинӣ майлу рағбат пайдо карда буд, аз манзилаш дар Макка ҷониби кӯҳи Ҳиро раҳсипор мешуд ва чандин шабонарӯз, алалхусус дар моҳи рамазон, дар Ғори Ҳиро дар тан­ҳоӣ ба тафаккуру ибодат мепардохт. Дар яке аз чунин лаҳ­заҳо фириштаи ваҳй Ҷабраил нозил шуда, 5 ояти нахус­тини сураи Алақро ба вай расонд; ба ин хотир он кӯҳ­ро Ҷа­балуннур (Кӯҳи нур) ва Ҷабалурраҳма (Кӯҳи раҳ­мат) ҳам меноманд. Ғори Ҳиро яке аз маконҳои муътабару мутабаррики Макка ва аз осори боқимондаи асри биъсат (рисолат) ба шумор рафта, зиёрати он аз ҷумлаи амалҳои мустаҳаб (пи­сандида) аст.

Ҳамасола дар мавсими ҳаҷ ва умра, хусусан баъди анҷом додани маносики ҳаҷ, шумори зиёди ҳо­ҷиё­ну умрагузорон ин макони муқаддасро зиё­рат мекунанд.

Ғори Ҳиро / С. Маҳмадуллоҳ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.


Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳаҷ

Ислом