Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғоя

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғоя, ғоят (ар. غایة‎ — натиҷа, фоида, интиҳо, ниҳоят, ҳадаф) — шакли дарки падидаҳои воқеияти объективӣ дар андеша, фаҳми ҳадаф ва инъикоси баъдии амалии он.

Ғоя истилоҳи фалсафӣ буда, ба маънии моҳият, маъно, маф­ҳум бо мақулаҳои тафаккур ва ҳастӣ иртиботи зич дорад. Мафҳуми ғоя аз даврони бостон маълум буда, ҳамчун образи ашёе фаҳмида мешуд, ки ба рӯҳи мутлақ тааллуқ дош­та, Худованд ашёро мутобиқи нақ­шаи андешаҳои худ офаридааст. Дар фалсафаи Юнони Бостон ғоя сохтори бо ақл даркшавандаи устуворест, ки асо­си ҳама гуна ашёро ташкил медиҳад. Аввалин бор ғояро Демокрит ҳамчун ис­ти­ло­ҳи фалсафӣ ба кор бурда, атомҳои худро «ғояҳо» — шакл­ҳои тақсим­на­ша­ван­даи маъқул номид. Атомҳои ӯ та­ғйир­нопазир маҳсуб шуда, ҳама чизҳои тағйирпазир аз онҳо бунёд меёбанд. Барои Афлотун ва навафлотуниён ғоя (эйдос) моҳияти чизҳои идеалӣ, ҷовиду маъқул, баръакси чиз­ҳои тағйир­па­зиру махсус аст. Ғояҳои Афлотун ҳамчун сар­вати бе­ба­ҳои ҷону хиради инсон беҷисм мебошанд. Онҳо берун аз чизҳову ҳодисоти мушаххас қарор дошта, олами махсуси идеалиро ташкил медиҳанд, ки во­қеияти аслию ҳақиқӣ, олами мофавқуттабиӣ, ҳастии ҳа­қиқӣ мебошанд. Ашё ва воқеияти ҳисшаванда ба туфайли ғояҳо мав­ҷу­данд ва ғояҳо мусули онҳо дониста мешаванд. Дар Замони Нав (асрҳои 17-18) таълимоти нав дар бораи ғоя ҳам­чун воситаи маърифати инсонӣ ва муносибати инсон бо олами объек­тивӣ тартиб дода мешавад. Дар ин замон бештар масъалаи пайдоиш ва шинохти арзиш­ҳои ғояҳо, масъалаи муно­сибати ғояҳо ба олами объек­тивӣ мавриди диққати пажӯ­ҳиш­гарон қарор мегирад. Наз­ди файласуфони британиягиву фаронсавии асри 17 манзур аз ғоя ҳам маф­ҳумҳои уму­мии мавҳуму муҷаррад ва ҳам тасаввуроти содаву одӣ буд. Дар рафти баҳсу муно­зираҳои шадид дар бораи пайдоиши ғояҳо ва мувофиқати онҳо бо воқеият ду равияи алоҳида — ратсионализм (ақл­гароӣ) ва эмпиризм (таҷри­ба­гароӣ) падид омад. Таҷри­багароён сарчашмаи ғояҳоро ҳис­сиёт ва идрокот мепиндоштанд, дар сурате ки ақл­гароён сарчашмаи шинохти инсониро фаъолияти озоди тафаккур ва ғояҳоро ҳамчун қобилияти фитрии дарки олам (бидуни таҷриба) медонистанд.

Ғоя дар идеализми классикӣ мақоми барҷаста доштааст: И. Кант ғояро фаҳму дарки хирад медонист, ки барои исботи он ашёи мувофиқ дар ҳиссиёти мо вуҷуд надорад. Р. Декарт аз ғояҳои фитрӣ ҷонибдорӣ мекард. Ҷ. Локк ғояро ҳамчун «ҳар он чизе, ки мудрики хирад қарор мегирад, вақ­те ки инсон меандешад» мефаҳмид. Барои Ҷ. Локк ғоя на танҳо унсури раванди тафаккур, балки воқеияти шуур ва олами берунӣ мебошад. Д. Юм баръакси Локк ғояҳоро ба шуур мутааллиқ медонист. Ӯ таассуроту идрокот­ро, ки инсон аз эҳсосот бармедорад, ба ғояҳо, ки аз нав бавуҷуд­ории идрокоти тира дар ақл аст, муқобил мегузошт. Дар идеализми классикии Олмон истилоҳи ғоя маънии «маф­ҳуми априории хиради ноб» (Кант), озодӣ ва ҳадафҳои сиришти инсонӣ (Фихте)-ро дошт. Дар низоми идеализми обеъктивӣ ғоя ҳамчун моҳияти ҳамаи ашёи ба таври во­қеӣ вуҷуддошта маҳсуб мегардад (ғояи объек­тивӣ). Ҳе­гел ғояро ҳақиқати объективие тасаввур мекард, ки тамоми ра­ванди рушди ҳастиро дар бар мегирад. Ӯ ғояҳоро маъно ва офаридгори кулли ашё медонист, ки ба тав­ри мантиқӣ рушд ёфта, зинаҳои объективӣ, субъек­тивӣ ва му­­тлақро мегузаранд. Тибқи таълимоти марксизм, ғоя шакли идроки ҳоди­со­ти воқеияти объективӣ, мушаххас ва до­ни­ш­ҳои ҳама­ҷо­ни­баи воқеият аст, ки ҳа­дафи шинохти баъдӣ ва азнавсозии амалии оламро дорад. Таълимоти мар­кси­стӣ-ленинӣ ғояро ҳамчун шакли олии шинохти назарии воқеият ва инъи­коси олам дар шуури инсон қалам­дод кар­дааст. Ба қав­ли Ф. Энгелс, «ҳамаи ғояҳо аз таҷриба гириф­та шуда, инъикоси воқеия­ти дурус­ту нодуруст мебошанд».

Дар асри 20 истилоҳи ғоя моҳияти дигар касб карда, тан­ҳо ба ҳайси муродифи «мафҳум» корбаст мегардад. Аксари равоншиносони асри 20 ғояҳоро ҳамчун тасаввуроти хотира ва тахайюлот мешумориданд. Баръакси равоншиносон, В. Вундт ғояро ҳамчун «тасаввуроти бошууронаи дилхоҳ ашё ва ё раванди олами беруна» арзёбӣ намуд. Ӯ ғояҳоро на танҳо ба равандҳои хотираву тасаввурот, балки ба равандҳои идрок низ мансуб медонист.

Дар баъзе низомҳои фалсафӣ ғоя ҳамчун усули мате­риа­листӣ қаламдод шудааст. Ҳалли масъалаи ғоя ба масъа­лагузории дурусти он дар бораи муносибати тафаккур ба ҳастӣ вобаста мебошад. Ғоя зина ба зина ба таври илмӣ дар материализми диалектикӣ баррасӣ шудааст, ки дар он ғоя ҳамчун инъикоси воқеияти объективӣ шарҳ ёфтааст. Дар айни ҳол таъсири мутақобили ғоя дар рушду рав­нақи во­қеияти моддӣ ба мақсади аз нав ташаккулёбии он низ таъ­кид мешавад. Ғоя сабаби ҳадафноки амалест, ки тавассути он коре аз коргаре (феъле аз фоиле) иҷро мешавад. Аз ин рӯ, сабаби ҳадафнок аз тамоми дигар сабабҳо муқад­дам­тар аст. Ҳангоми содир шудани амале ду ғоя ҳатмӣ мебошад: яке ғояи феъл, дигар ғояи фоил. Мас., дар «рафтан ба манзили дӯст барои мулоқоти вай» ғояи феъл роҳ рафтан, расидан ба манзили дӯст аст ва ғояи фоил — мулоқоти дӯст. Дар ин ҷо аз судури феъл гоҳ ҳар ду амр ҳосил мешавад ва гоҳ фақат ғояи феъл. Дар таҳлили ақлӣ ғояи феъл ғайри манфиати феъл аст, зеро ғояи феъл му­ҳар­рики фоил дар фоилияти он ва сарчашмаи амалбахши фоил аст, дар ҳоле ки манфиат чунин нақше надорад.

Тавассути ғоя дар шуури инсон мувофиқати комили тафаккур бо воқеияти объективӣ инъикос мегардад ва ин тас­вири шуур ба воқеияти объективию мушаххасе ишора мекунад, ки донишҳои инсониро дар бораи воқеият дар амал татбиқ месозад. Дар илм ғояҳо нақши гуногунро адо мекунанд: онҳо на танҳо таҷрибаи рушди донишҳои пешинаро дар ин ё он соҳа хулоса менамоянд, балки ҳам­чун асос донишҳоро дар низоми ягона таркиб медиҳанд, дар шар­ҳи ҳодисот нақши фаъол мебозанд ва роҳҳои на­ви ҳалли масъалаи муайянро меҷӯянд.