Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғук

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғук
Хатои Lua: bad argument #1 to 'find' (string expected, got nil).
Text

ҒУК, ғукҳо (Bufonidae), оилаи обхокиҳои бедум. Зиёда аз 1200 намуд дошта, дар тамоми қитъаҳои олам мав­ҷуданд.

Ба 7 зероила тақсим мешавад: Ғуки австралиягӣ (Criniinae), ғук-и кӯҳӣ (He­leo­phryninae), ғуки ҷану­би­ам­ри­коӣ (Pseudinae), ғуки би­нидор (Rhinoph­ryni­nae), ғуки сипарангушт (Elo­sii­nae), ғуки ҳуштаккаш (Lep­todactylinae), ғуки муқар­ра­рӣ (Bufoninae).

Сохти бадан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сохтори бадани ғуки авст­ра­лиягӣ нисбат ба дигар на­мудҳои ғук сода буда, боқи­мон­даи хордаи он андаруни сутунмуҳра ҷой гирифтааст.

Ҷинси ғук (Bufo) наздики 300 намуд дошта, ғайр аз Гви­неяи Нав, Полинезия, Австралия ва Мадагаскар дар дигар мавзеъҳо дучор меоянд. Дандон надоранд, муҳраи чор­банди онҳо барҷастагии паҳн дорад. Пӯсташон озах­дор, пойҳояшон нисбатан кӯтоҳ. Пойҳои ақиб аз пойҳои пеш дарозтаранд, бинобар ин ғукҳо аксаран қадам зада роҳ ме­раванд (фақат ҳангоми эҳсоси хатар меҷаҳанд). Дарозии баъзе намуди ғукҳо ба 25 см мерасад.

Дар Тоҷикистон

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҳу­дуди То­ҷи­кис­тон ғуки сабз (Bufo viridis) мавҷуд аст. Дарозиаш то 14 см. Онро дар Ҳимолой дар баландии 4500 м аз с. б. ёф­та­анд. Ғукҳо бештар дар хушкӣ зиндагӣ карда, ба об танҳо барои тухмгузорӣ медароянд (хуб шино карда наметавонанд); тухмашон ба шакли занҷира гузошта мешавад. Пар­даи гӯши ғукҳо ҳам дар хушкӣ ва ҳам дар об фаъол аст. Ғукҳои нар ҳубобчаҳои садоӣ доранд. Дар 4-солагӣ ба ба­лоғат мерасанд. Зимистонро дар зери хок мегузаронанд. ғукҳо рӯзона дар зери санг, рус­та­ниҳо ё чу­қурчаҳое, ки худашон дар хок кофтаанд, панаҳ бурда, шомгоҳон ё шабона фаъол мешаванд.

Ғизои ғук гам­буск, кана, мӯрча, кирма­ки ҳашарот аст. Забони ғук аз ақиб озоду часпак буда, барои доштани туъма ба кор меравад. ғукҳо дар паси чашм ға­дуди заҳрбарор доранд, ки барои муҳофизат аз дигар ҷонварон муҳим аст. Дар мавриди ба даҳон гирифтан ё кӯшиши фурӯ бурдани ғук, ға­дудҳо ба кор даромада, моеи бадбӯйи тез хориҷ мекунанд ва ҳайвон маҷбур мешавад, ки ғукро аз даҳон берун андозад. Заҳри ғук ҷойҳои расидаи баданро озурда ва ҷон­варони хурдро маҳв месозад.

Душманони ғук мори обӣ, хор­пушт, калламуш ва парандаҳои соҳибчангол мебошанд. Ғукҳо ҳашароти зараррасони киштзору боғотро нест карда, ба кишоварзӣ манфиат мерасонанд.