Ғулбак
| Ғулбак | ||||||||
|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
| | ||||||||
| Табақабандии илмӣ | ||||||||
|
ХАТО: шаблони таксономӣ вуҷуд надорад {{Neocoenorrhinus}}, ки бояд мавқеи систематикии таксони Neocoenorrhinus-ро муайян кунад.
Гуна: Ғулбак |
||||||||
| Номи илмӣ | ||||||||
| Neocoenorrhinus pauxillus (Germar, 1824)[1] | ||||||||
| Мутародифот | ||||||||
|
по данным каталога [1]:
|
||||||||
| ||||||||
Ғулбак (лот. Neocoenorrhinus pauxillus) — як навъ гамбусаки зараровар.
Бештар ба дарахтони себ, нок, олу, биҳӣ, олуча, дӯлона осеб мерасонад.
Намуди зоҳирӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дарозии танаш 2‒3 мм, рангаш сабзи кабудча, ҷилои филиззӣ дорад. Чашмаш барҷаста, ҳалқашакл. Сараш нисбат ба дарозии бадан паҳнтар аст. Дар забарбол рахҳои нуқта-нуқтаи дарозрӯя дорад, ки дар миёнҷо ба ҳамдигар пайваст мешаванд. Тухмаш дарозрӯя (0,5 мм), сафеди ширгун. Кирминааш (дарозиаш 3 мм) зардранги бепо. Зочааш (дарозиаш наздики 2 мм) зарди сафедча.
Тарзи зист
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғулбак зимистонро дар қабати болои хок (дар умқи 10‒15 см) мегузаронад. Гамбусакҳо баҳорон баробари гарм шудани хок (+10°С) берун омада, ба дарахтони мева мегузаранд ва муғчаву гулғунчаву барги онҳоро мехӯранд. Ғулбакҳо дар охири давраи гулшукуфти дарахтон, яъне моҳи май, ҷуфтӣ мешаванд. Модинааш пушти барг ё раги марказии онро сӯрох карда, 1‒2 ва дар маҷмӯъ то 100 адад тухм мегузорад (болои онҳоро бо наҷосат мепӯшонад). Насли ғулбак 4 давра ‒ тухм, кирмина, ғумбак ва имаго (фарди болиғ)-ро аз сар мегузаронад. Кирминаҳои ғулбак бофтаҳои думча ва раги миёнгини баргро хӯрда, онро бармаҳал хазон менамоянд. Охирҳои моҳи май ва аввали июн баргҳои осебёфта мерезанд. Давраи ғизогирии кирминаҳо дар баргҳои рехта низ давом мекунад. Баъдан онҳо ба хок гузашта, моҳҳои июл ‒ август ба ғумбак табдил меёбанд. Кирмина дар қабати болои хок (дар умқи 3‒6 см) ҷой гирифта, моҳи сентябр ба гамбусак мубаддал мегардад. Ғулбак 2‒3 моҳ умр мебинад.
Зарар ба кишоварзӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи осеб расондани ғулбак баргу ҳосил рехта, дарахтон аз рушду нумӯ мемонанд. Тирамоҳ нарм кардани бехи ниҳолҳо, сӯзондани баргҳои рехта, пошидани доруҳои кимиёӣ (карбофос, метафос, севин) ва ғ. барои маҳв сохтани ғулбак муҳим мебошанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- 1 2 Löbl I., Smetana A. Catalogue of Palaearctic Coleoptera. Curculionoidea I. — Stenstrup: Brill, 2011. — С. 125. — 373 с. — ISBN 978-90-04-26093-1, 978-87-88757-93-4.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғулбак / К. Қаҳҳоров. // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — С. 126. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Корчагин В. Н., Терсимонян Л. Г. Атлас болезней и вредителей плодовых, ягодных, овощных культур и винограда. М., 1989;
- Гулий В. В., Памужак Н. Г. Справочник по защите растений. М., 1992;
- Защита и карантин растений // Журнал для специалистов. М., 2003, №6.