Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғулмуш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғулмуш
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Ochotona Link, 1795

Ғулмуш, ҳайбурғак (лот. Ochotona) — як ҷинси ҳайвони ширхӯри заргӯшмонанд. Бештар дар мавзеъҳои иқ­ли­ма­шон гарм зиндагӣ мекунад. Дарозии баданаш 18‒20 см; думи хеле кӯтоҳи нонамоён, мӯйлабчаҳои дароз (70 ‒80 мм) ва пойҳои кӯтоҳ дорад. Вазнаш 75‒290 г. Бо­лиш­так­ҳои ангуштонаш бе­мӯяк ё пашмакдор. Пашмаш тобистон сурхтоб, қаҳ­ва­ранг ё бӯри зардча, зимистон хокистаргун. Пӯс­таш тунук.

Тарзи зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғулмуш ҷонвари алаф­хӯр буда, барги рустаниҳо ва ушнаву гул­сангҳоро барои зимистон за­хира мекунад. Хӯрокиро ҷамъ оварда, дар ҷойи шамолрас ба болояш санг­чаҳо гузошта мехушконад. Ғулмуш ба хоби зимистонӣ намеравад. Дар як­со­лагӣ болиғ мешавад. Даври ҳамлаш 25‒30 шаборӯз.

Ғулмушҳо 31 намуд доранд. Дар Тоҷикистон ду намуди онҳо ‒ ғулмуши гӯш­калон ва ғулмуши сурх мавҷу­д аст. Дарозии тани ғулмуши гӯшкалон (O. roylei) 16‒21 см, гӯ­шаш 25‒36 мм. Рангаш тобистон бӯри зардтоб, зимистон хокистарии зардча мешавад. Дар паси гӯшҳо доғи сафеде дорад, ки мисли ги­ре­бон менамояд. Дар шарқи Помир (дар баландии 4800 м аз с. б.) гурӯҳ-гурӯҳ дар ҷойҳои санглох ва байни санг­ҳо зин­дагӣ мекунанд. Бештар рӯ­зона фаъол аст. Дар мавсими баҳорон ва тобистон ҷуфт мешавад; 2‒8 ба­ча мезояд. Ғулмуши сурх (O. rutila) ба Ғулмуши гӯшкалон монанд аст. Рангаш тобистон зарди сурх­тоб, зимистон хокис­та­рӣ. Дар қаторкӯҳҳои Ҳисор, Зарафшон, Туркистон (дар баландии 2000‒3500 м аз с. б.) зиндагӣ мекунад. Рӯзона ва шом­го­ҳон бештар фаъол аст.

Афзоиш ва инкишоф

[вироиш | вироиши манбаъ]

Модааш соле 2‒3 бор 2‒6-тоӣ бача мезояд, ки баданашон пашм дорад. Бачаҳояш ҳаф­таи дуюми баъди зоидан бинову шунаво мешаванд ва баъ­ди 20 рӯз ба ҳаёти мус­та­қил мегузаранд. Бо овозбарории хос ҳамдигарро аз хатар огоҳ месозанд. То 3 сол умр мебинанд.

  • Абдусаломов И. А., Баева В. Г., Линдт И. И. Олами ҳайвоноти Тоҷикистон. Д., 1981;
  • Фауна Таджикской ССР. Т. 20. Ч. 1. Д., 1974;
  • Тад­жикистан, природа и природные ресурсы. Д., 1982;
  • Смирин В. М., Смирин Д. М. Звери в природе. М., 1991;
  • Энциклопедия природы Рос­сии. М., 1998; Горкин А. П. Биология. М., 2006.