Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғулом

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғулом (ар. غلام – навҷавон; банда), барда, абд — дар ҳу­қуқ шахсе, ки аз ҳуқуқу озодиҳои муайян бархӯрдор набуда, ҳамчун қувваи кории ройгон, хидматгор ва фармонбар истифода мешуд; субъекти муно­си­бат­ҳои ҳуқуқӣ эътироф намешуд, ҳамчун молу милк мавриди муомилоти тиҷоратӣ қарор мегирифт.

Мавқеъи иҷтимоӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғулом дорои моликияти хусусӣ набуда, танҳо бо хоҳиши ғуломдор соҳиби моликият гашта метавонист, бе иҷозати ғуломдор ҳуқуқи бас­та­ни ақди ни­коҳи қонуниро надошт, фарзандони ғулом низ бе иҷозати ғуломдор ақди никоҳ баста наметавонистанд. Куш­тани ғулом аз тарафи ғуломдор ҳаққи қонунии ӯ эътироф мегардид, аммо аз тарафи каси дигар на ҳамчун ҷиноят ба му­қо­били шахс, балки суиқасд ба моликияти соҳиби ғулом ба ҳисоб мерафт.

Таърихи ғуломӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Румиён ғуломони худро аз миёни асирони сарзаминҳои мағлуб бармегузиданд. ғуломон дар қонуни Руми Қадим ҳеч гоҳ, ҳатто пас аз озодӣ ва ҳангоми таваллуд низ бо афроди озод баробар набуданд, наметавонистанд ман­сабҳои ҳу­куматӣ дошта бошанд, бо афроди озод издивоҷ кунанд. Дар миёни ғуломон низ тафовутҳои бузург ҳукмрон буд. Бар­хе аз онҳо ба анҷоми душвортарин корҳо гумошта мешуданд, бархи дигар, баръакс, ба дараҷаҳои баланди дониш ва мансабҳои олирутба расиданд. ғуломон дар кор­ҳои саҳ­роӣ, хона (каниз, хоҷаҳои ҳарам, хидматгорҳо, мутрибону мусиқидонону навозандагони қасри ҳокимон) ва хусусан дар лашкар васеъ истифода мешуданд. Сипо­ҳи ғуломон дар даврони Тулуниён (асри 11) дар Фустоти Миср аз 24 ҳа­зор турк ва 40 ҳазор сиёҳпӯст ташкил шуда буд. Тулун худ хоҷае туркнажод ва Абумиски Кофур – амири Миср сол­ҳои 966–968 хоҷае сиёҳпӯст буд. Умавиёни Андалус ҳам дар асри 10 дар сипоҳи худ 10 ҳазор ғулом доштанд. Фар­мон­де­ҳии ин сипоҳро афсароне баргузида аз миёни ғуломони озод­шуда бар уҳда доштанд. ғуломон дар зиндагии шаҳрни­шинӣ ва рустоӣ ҳузури фаъол доштанд ва як рукни му­ҳимми ҷо­меаи шаҳрҳо ба шумор мерафтанд. Шуморе аз онҳо ақим (ахтакарда) буданд, хусусан хо­ҷа­гоне, ки дар қасри хулафову ҳокимон фаъолият мекарданд ва масъулияти раёсати ҳарамсароро ба душ доштанд.

Мавқеъ дар лашкар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғуломфурӯшӣ тиҷорати густарда ва хеле ҳам фоидаовар буд. Азбаски дар ҷаҳони ислом дастёбӣ ба ғулом дар дохили қаламрави кишвар имкон надошт (ғулом гирифтани мусулмо­нон ва аҳли зимма ҷоиз набуд), ногузир ғуломон аз сар­за­мин­ҳои ҳамсоя ё дурдаст оварда мешуданд. ғуломон ё ҳан­гоми лашкаркашиҳо ба даст меомаданд ё харидорӣ мешуданд. Се маркази ба даст овардани ғуломон вуҷуд дошт: сарзамини славянҳо (сақолиба), сарзамини туркҳо ва сарзамини аф­ри­қоиҳо. Шумори ғуломони славян дар даврони Хилофати Умавиён дар тайи 50 сол (912–961) беш аз 10 ҳазор будааст. ғуломони туркро аз тариқи бозорҳои Самар­қанду Бухоро дар ихтиёри мусулмонон қарор медоданд. Хоразм, ки яке аз шоҳроҳҳои воридоти ғуломони славянӣ буд, дуввумин роҳи таъмини ғуломони турк ба шумор мерафт. Нахустин вазифаи ғуломони турк ташкили сипоҳи му­сал­лаҳи амирон ё мамлукҳо буд. Хилофати аббосӣ шумори фаровоне аз ғуломони туркро аз Осиёи Миёна мехарид. Халифа Муътасим (833–842) 70 ҳазор ғуломони турк дар ихтиёр дошт. Теъдоди фаровоне аз онҳо боиси нооромӣ дар Бағдод шуданд, дар натиҷа халифа ногузир Сомарроро иқомагоҳи худ қарор дод. Дар охирҳои ҳукумати Аббосиён халифаҳоро туркон азлу насб мекарданд. ғуломони турк­сипоҳ (мамлукҳо) аз миё­наи асри 13 дар Миср ба авҷи қудрат расиданд. ғуломони аф­риқоиро аз тариқи лаш­кар­ка­шиҳо ё харидорӣ аз ҳоки­мо­ни маҳаллӣ дар баробари ко­лоҳои камарзиш ҷамъ оварда, сипас ба бандарҳои соҳили Сақарта ва Адан интиқол медоданд. Аз он ҷо аз тариқи баҳри Сурх ба Миср ё аз та­риқи Халиҷи Форс ба Бай­наннаҳрайн фиристода мешуданд. Дар ҷангҳои мусулмонон бо румиён ё лаш­кар­ка­ши­ҳои онҳо ба мамлакатҳои насронӣ дар шимоли Испания асиронро ҳамчун ғулом ме­фурӯхтанд. Нормандиҳо ҳам дар пайи лашкаркашӣ ба Ав­рупои Ғарбӣ ва ба асорат гирифтани аврупоиҳо онҳоро аз тариқи рӯдҳои Руссия ба мусул­мо­нон мефурӯхтанд.

Ғуломӣ дар фиқҳи ислом

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғулом дар фиқҳ табақаи фурӯдасти иҷтимоист, ки аз як тараф, ба ҳайси коло ва дороии шахси дигаре ба вай муносибат шуда, тамоми аъмоли ҳуқуқии моликият, аз қа­били ха­риду фурӯш, ҳиба, иҷора, мерос ва ғайра бар вай та­аллуқ ме­гирифт, аз тарафи дигар, ҳамчун фарде аз ҷомеа аз тамоми ҳуқуқ, аҳком ва масъулиятҳои барои дигарон пеш­би­ни­шуда бархӯрдор буд. Мамлукият чандин дараҷа дошт, аз ҷумла:

  • ғуломи дараҷаи қинн, ки дар вай моликияти комил ну­фуз карда, феълан ҳеч гуна имкони озодшавиро надошт;
  • ғуломи мубаъъаз, ки қисмате аз вай озод шуда буд;
  • ғуломи мукотаб;
  • мудаббар;
  • уммивалад ва ғ.

Қуръон аз як сӯ, шахсияти ғуломро аз ҷиҳати маънавӣ ва дар буъди ахлоқӣ ҳамшаъни озодагон эълон карда, барои онҳо ҳамон сарнавишти абадиеро ваъда дод, ки барои одамони озод пеш­бинӣ карда буд, аз сӯи дигар, озод кардани онҳоро аз корҳои пурарзиш донист (2:177; 90:13); ӯро яке аз мас­рафҳои закот (9:60), каффорати баъзе гуноҳон, ба монанди қатли ғайри­ам­дӣ (4:92) ва савганди дурӯғ (5:89) таъ­йин кард.

Дар суннати набавӣ ва бахши ахлоқиёти ис­ломӣ рафтори пур аз лутфу навозише ба ғуломон тавсия шудааст. Муҳам­мади Ғаззолӣ дар «Эҳёу улуми-д-дин» ҳу­дуди сад ҳадиси маш­ҳурро роҷеъ ба ғулом дар фасли «Ҳу­қуқу-л-мамлук» гирд овардааст.

Дар аҳкоми ибодатӣ вазъи ғулом аз дигарон чандон тафовут надорад, гарчи адои баъзе ибодот, ба монанди намози ҷумъа ва ҷиҳод аз вай соқитанд ва адои баъзе дигар, ба мо­нанди ҳузур дар намозҳои ҷамоат, ба иҷозати моликаш ниёз дорад. Дар баъзе аҳкоми ҷиноӣ ва муҷозот, ба монанди қисос, дияҳо, ҳадди қазф (туҳмат) ва ғайра миёни ғулом ва дигарон тафовут вуҷуд дошт. Масалан, дар ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазои ҳад муайян шуда буд, нисбат ба ғулом му­ҷо­зо­ти сабуктаре пешбинӣ мегашт. Дар умури қазоӣ ғулом са­ло­ҳия­ти ба никоҳ даровардан надошт, шаҳодати вай дар даъ­воҳо, бахусус дар қисос, пазируфта намешуд, иқрори вай дар баъ­зе даъ­во­ҳо, бахусус вақте бар зидди моликаш бошад, эътибор надошт. Ғулом аз ишғоли баъзе мансабҳои му­ҳим, ба монанди қазо (судягӣ), додгустарӣ ва ғайра низ маҳ­рум буд.

Ислом гарчи низоми бардадорӣ ва ниҳоди ғуломонро якбора лағв ва бекор эълон накард, дар роҳи маҳв ва аз миён бурдани он тамоми чораҳо ва роҳҳои имконпазирро ба кор гирифт. Бо гузордани аҳком ва қонунҳое барои маҳдуд кардани роҳҳои бардагардонӣ риояи ҳуқуқи шар­ъии ғуломон, ташвиқ ва таъкид бар озодкунии онҳо ҳам ба вазъи иҷти­моӣ ва инсонии онҳо сомон бахшид, ҳам шароити амалиеро барои омодасозии равони онҳо дар роҳи озодӣ фа­ро­ҳам овард ва саранҷом низоми бар­дадорӣ дар масири маҳ­дудият ва завол қарор гирифт.