Ғуломалии Деҳлавӣ
| Ғуломалии Деҳлавӣ | |
|---|---|
| Иттилооти инфиродӣ | |
Шоҳабдуллоҳ Ғуломалии Деҳлавӣ (форсӣ: شاه عبداللّه غلامعلی دهلوی; 1743, Батола, Панҷоб — 1826, Деҳлӣ) — донишманди дин, сӯфии нақшбандии муҷаддидӣ ва нависандаи форсизабони Ҳинд.
Зидагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1759 ҳамроҳи падараш Шоҳабдуллатиф, ки муриди Носируддин Қодирии Деҳлавӣ буд, ба Деҳлӣ рафт. Дар он ҷо назди Шоҳабдулазизи Деҳлавӣ илми ҳадисро омӯхт ва аз ӯ «Саҳеҳ»-и Бухориро фаро гирифт. Соли 1765 ба пири тариқат Мирзомазҳари Ҷониҷонон дасти иродат дод ва муддати зиёди умри худро дар мулозимати вай сипарӣ кард. Пас аз марги Ҷониҷонон (1781) дар Деҳлӣ ба ҷои ӯ бар маснади иршод нишаст. Ғуломалии Деҳлавӣ муриди бисёр дошт, ки на танҳо аз гӯшаву канори Ҳиндустон, балки аз аҳли Шом, Бағдод, Миср ва Чин ҳам буданд. Муҳимтарин халифагони Ғуломалии Деҳлавӣ: Шоҳабусаиди Муҷаддидӣ, Шоҳаҳмад Саид, Мавлоно Холиди Курдӣ, Сайид Исмоили Маданӣ, Шоҳрауф Аҳмади Ромпурӣ (Раъфат). Ғуломалии Деҳлавӣ аз ҷонибдорони таълимоти Аҳмади Сарҳиндӣ, мухолифи ваҳдати вуҷуд ва ҳаводори ваҳдати шуҳуд буд.
«Мақомоти Мазҳарӣ» («Латоифи хамса») — дар аҳвол ва малфузоту мактуботи Ҷониҷонон, ки гузидае аз «Маъмулоти мазҳария»-и Наимуллоҳи Баҳрончӣ (фавт 1803) бо афзудаҳое буда, онро Муҳаммадиқболи Муҷаддидӣ ба урду баргардонидааст (Лоҳур, 1983); «Аҳволи бузургон» — дар зиндагиномаи гурӯҳе аз пирони тариқатҳои қодирия, суҳравардия, чиштия ва нақшбандия, зимнан нақшбандияи муҷаддидия; «Аҷвибаи эътирозоти Деҳлавӣ» — дар посух ба эътирозҳои Шайх Абдулҳақ Муҳаддиси Деҳлавӣ ба Аҳмади Сарҳиндӣ, «Эзоҳу-т-тариқа» (1797) — дар шарҳи тариқати нақшбандияи муҷаддидия, истилоҳоти тасаввуф, тариқи байъат, авсофи пиру мурид ва ахлоқу аъмоли солик; «Рисола дар зикри мақомот ва маориф ва воридоти Шайх Аҳмад Форуқии Нақшбандӣ», «Рисолаи машғулия», «Расоили сабъаи сайёра» аз осори ӯст. «Дурру-л-маориф» малфузоти Ғуломалии Деҳлавӣ ва «Макотиби шарифа» (маҷмӯаи 125 мактуби Ғуломалии Деҳлавӣ) гирдовардаи шогирдаш Раъфати Ромпурӣ аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ғуломалии Деҳлавӣ / С. Маҳмадуллоҳ // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.