Ғуломалӣ Азҳар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғуломалӣ Азҳар
Зодгоҳ: Ҳиндустон
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ

Ғуломалӣ Азҳар (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форсизабони Ҳиндустон (асри 18). Аз ҷумлаи шогирдон ва муридони Мир Шамсуддин мутахаллис ба «Фақир». Тибқи маълумоти тазкираи «Нештари ишқ» ӯ аз ҷумлаи «нозукхаёлону хуштабъони Деҳлӣ буда», ба шеъру шоирӣ дилбастагии зиёд дошт. Азҳар бештари ҳаёташро дар шаҳри Деҳлӣ гузаронида, муддате дар шаҳрҳои Азимобод ва Муршидобод низ зиндагӣ кардааст. Намунае аз ашъори ӯ:

Намонд тоқати парвози сайри бӯстонам,
Ситамгарон пару боли маро чаро бастанд?
Ба ранги тавбаи фасли баҳор сангдилон
Ҳазор аҳд ба ман бастаанду бишкастанд.
***
Хоҳам шабе ба бар кашам он сарви нозро,
Кӯтаҳ кунам фасонаи умри дарозро.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ҳусайнқулихони Азимободӣ, Нештари ишқ, китоб 1, Д., 1981.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]