Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғуломдорӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ғуломдорӣ — низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки дар асоси истисмори як шахс (ғулом) аз тарафи шахси дигар (ғу­ломдор, хоҷа, соҳиб) бунёд ёфтааст.

Сабабу омилҳои ташаккул

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муно­си­бат­ҳои ғуломдорӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ ташаккул ёфтаанд: дар мар­ҳа­лаи муайяни рушди ҷомеаи инсонӣ истифодаи олоти меҳ­нат им­кон фароҳам овард, ки маҳсулоти бештари озу­қа­ворӣ ис­теҳсол шуда, асирон, ҷинояткорон, шахсони қарз­дор ва мар­думи одӣ ба кори маҷбурӣ ҷалб гарданд. Дар мар­ҳа­ла­ҳои аввали ҷомеаи ғуломдорӣ манбаи асосии афзоиши шу­мораи ғуло­мон ҷангҳои байниқабилавӣ ва бай­нидавлатӣ, зиёдшавии шу­мораи асирон, одамрабоӣ ва ғ. буданд.

Ғуломдорӣ дар дав­лат­ҳои қадим

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар дав­лат­ҳои бостонии Миср, Бобил, Ошур, Эрон, Ҳинд, Чин, Рум ва Юнон вуҷуд дошт. Императори Руми Қадим Юстиниан ғуломдориро "зинаи ташаккули ҳуқуқи халқҳо, ки дар он шахс бар хилофи иродаи худ тобеи иродаи каси дигар мегардад" - гуфтааст. Ғуломдорӣ дар тӯли 5 ҳазор сол дар ҳа­маи минтақаҳои олам вуҷуд доштааст. Дар Чини Бос­тон мафҳуми «си» ба маънои ғулом аз миёнаҳои ҳазо­раи 2 то м. маълум буд. Нахус­тин маъхазҳои хаттӣ шаҳ­о­дат меди­ҳанд, ки ғуломдорӣ дар давраи забти Шумер аз тарафи қа­билаҳои яҳудӣ ва дар Бай­нан­наҳрайн дар ибтидои ҳа­зо­раи 3 то м. мавҷуд буд.

Марҳалаҳои рушди ғуломдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. марҳалаи пайдоиш: Чин дар замони шоҳии Чжоу; (асрҳои 11–8 то м.), Юнон дар аҳди Ҳо­мер (асрҳои 9–8 то м.), Рум (асрҳои 8–6 то м.);
  2. мар­ҳалаи устуворшавӣ ва рушд: Чин дар замони шоҳии Чунсю-Чжанго (асрҳои 8–3 то м.), Юнон дар замони полисҳо ва рушди онҳо (асрҳои 5–4 то м.), Италия дар замони Ҷум­ҳурии Рум (асрҳои 3–1 то м.);
  3. марҳалаи завол: Империяи Ҳон дар Шарқ (асри 2 то м.), Империяи Ғарбии Рум (асри 1 то м. – 5 м.).

Шаклҳои асосии ғуломдорӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • шар­қӣ ва ё ҷомеаи аввалаи ғуломдорӣ;
  • атиқа ё ҷомеаи баъдии ғуломдорӣ. Ба ҷомеаи ғуломдории шарқӣ давлатҳои Миср, Бобил, Эрон, Ҳинд ва Чин дохил мешуданд. Шакли атиқаи ғуломдорӣ дар бис­ёр шаҳру дав­латҳои Юнон (яке аз пурқувваттарини онҳо Афина), дав­лат­ҳои эллинӣ ва Рум мавҷуд буд.

Ғуломдорӣ дар замони феодализм ва капитализм

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғуломдорӣ дар Аврупо дар асрҳои миёна мавқеи худро ба низоми крепостнойӣ дод, вале дар асри 17 эҳё гардид. Барои ин кашфиёти бузурги ҷуғрофиёӣ мусоидат намуд. Дар рафти васеъ гардидани ҳузури давлатҳои аврупоӣ дар қитъаи Африқо имкони номаҳдуди ба даст овардани қувваи кории ройгон фароҳам омад. Дар кишварҳои Аврупо истифодаи васеи меҳнати ғуломон аз нав ба ҳукми анъана даромада, то асри 19 идома ёфт.

Кашфи Амрико ва ташкили минтақаҳои васеи кишоварзӣ дар Амрикои Ши­мо­лӣ бидуни истифодаи меҳнати ғуломон ғайри­мумкин буд. Би­но бар ин, фақат ба ИМА аз Африқо қариб 13 млн нафар асир оварда шуд. Раванди озод гардидани ғуломон дар кишварҳои Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ солҳои 50–80 асри 19 идома дошт. Чунончи, дар ИМА аксарияти ғу­ло­мон дар рафти ҷанги шаҳрвандӣ озод гардиданд.

Ғуломдорӣ дар Осиёи Миёна

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Осиёи Миёна то нимаи дуввуми асри 19 ғуломдорӣ дар ҳаёти иқ­ти­содӣ-иҷтимоӣ нақши бузург мебозид. Баъди забти Осиёи Миёна аз ҷониби Руссияи подшоҳӣ заминаи аз байн бурдани боқимондаҳои низоми ғуломдорӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷа байни Руссия, аз як тараф ва Хонии Хева, Аморати Бухоро ва Хонии Хӯ­қанд, аз тарафи дигар созишномаҳо ба имзо расида, ғуломдорӣ дар қаламрави ин давлатҳо расман бекор карда шуд.

Арзёбӣ дар қонунҳои имрӯзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғуломдорӣ ба таври расмӣ дар тамоми давлатҳои ҷаҳон манъ гардидааст. Охирин кишваре, ки дар он ғуломдорӣ ва истифодаи меҳ­нати ғуломон манъ гардид, Мавритания буд (1980). Дар як қатор давлатҳои Африқо ва Осиё то ҳанӯз боқи­мон­да­ҳои низоми ғуломдорӣ вуҷуд дорад. Мутобиқи маълумоти СММ ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқи башар дар Судон, Мав­ри­та­ния, Сомали, Покистон, Ҳиндустон, Непал, Мян­ма, Ангола ва ғ. аз меҳнати маҷбурии одамон васеъ истифода мешавад.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғуломдориро дар шаклҳои гуногун манъ карда, тибқи моддаҳои 130.1 ва 130.2 барои он ҷавобгарӣ муқаррар кардааст.

Дар Мавритания ҳудуди 600 ҳазор нафар (20% аҳолии кишвар) дар ҳолати ғуломӣ қарор доранд. Дар ҷаҳони имрӯза шаклҳои муосири ғуломдорӣ ва ти­ҷо­ра­ти одамон вуҷуд дорад, ки аз рӯи даромад баъди тиҷо­ра­ти маводди мухаддир ва тиҷорати яроқу аслиҳа дар ҷойи сеюм меис­тад. Дар кишварҳои мутараққӣ ва демократии ҷаҳони им­рӯ­за бештар муҳоҷирони ғайрирасмӣ ва ё шахсоне гирифтори ғуломӣ мегарданд, ки аз ҷое ба ҷои дигар маҷбуран кӯ­чонида шудаанд.

Мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳо­нии меҳнат даромади солона аз истифодаи ме­ҳнати маҷ­бурӣ беш аз $150 млрд-ро ташкил меди­ҳад.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. "Forced and Bonded Child Labor Бойгонӣ шудааст 1 августи 2013  сол.. U.S. Department of Labor.
  2. Fortin, Jacey. Mali’s Other Crisis: Slavery Still Plagues Mali, And Insurgency Could Make It Worse (16 Январ 2013).
  3. "Slaves in Saudi". Naeem Mohaiemen. The Daily Star. July 27, 2004.
  • Валлон А. История рабства в античном мире. М., 1–2. М., 1936–1941;
  • Всемирная история. Т. 1–2. М., 1955–1956;
  • Философская энциклопедия. М., 1970; Философский словарь. Ростов на Дону, 2013.