Ғуломқодир Бобизода
Бобиев Ғуломқодир Муккамолович | |
Таърихи таваллуд | 17 март 1960 (64 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Орҷонкидзеобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | медали тилои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалӣ |
Ғуломқодир Бобизода (Бобиев Ғуломқодир Муккамолович, тав. 17 марти 1960, ноҳияи Орҷонкидзеобод) — кимиёдон, номзади илмҳои кимиё (1996), доктори илмҳои биология (2000), профессор. (2004), дорушиноси маъруфи тоҷик, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (2005),
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғуломқодир Муккамолович Бобиев 17 марти соли 1960 дар деҳаи Навободи Холмуродии ноҳияи Ваҳдат, дар оилаи коргар чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар соли 1977 1982 факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кард. Бобиев Ғ.М. тадқиқотҳои худро дар озмоишгоҳи илмию тадқиқотии «Пептид» давом дод, дар якчанд корхонаҳои илмию тадқиқотӣ низ кор кард. Билохира барои давом додани пажӯҳишҳои илмӣ ва амалӣ намудани натиҷаҳои онҳо даст ба ташкили корхонаи илмию тадқиқотӣ зад. Дар натиҷа дар соли 1992 Корхонаи хурди (ҳоло, Љамъияти дорои масъулияташ маҳдуд) «Занд» ташкил карда шуд, ки сарварии онро Бобиев Ѓ.М. ба уҳда гирифт. Дар ин корхона корҳои илмӣ дар соҳаи синтези пептидҳои хурдмолекула ва таҳияи маводи доруворӣ дар асоси онҳо ба роҳ монда шуд. Бобиев Ғ.М. дар баробари тадқиқотҳои илмӣ ба корҳои илмию методӣ ва педагогӣ низ машғул шудааст. Соли 2001 профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сипас соли 2002 мудири кафедраи мазкур интихоб гардид. Соли 2004 ба Бобиев Ѓ.М. аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия унвони илмии профессор дода шуд. Худи ҳамин сол профессор барои корҳои пурарзишаш дар соҳаи педагогикаи хусусӣ ва таълим узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон интихоб гардид. Солҳои 2005—2006 дар вазифаи декани факултаи химия ва биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кард. Аз соли 2006 Бобиев Ѓ.М. профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Профессор Бобиев Ғ.М. аз соли 2005 узви Ҳизби халқӣ демократии Тоҷикистон аст. Ӯ инчунин дар ташкил ва инкишофи соҳаи дорусозӣ, назорати сифати маводи доруворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми босазое дорад. Аз соли 2000 дар Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вазифаҳои гуногуни роҳбарикунанда кор кардааст. Аз соли 2007 Раиси Кумитаи фармакологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар натиҷаи бурдани тадқиқотҳои васеъ дар соҳаи кимиё Бобиев Ғ.М. ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соли 1996 ӯ дар мавзӯи «Структурно-функциональные исследования иммуноактивных пептидов ряда тимопоэтина, тимозина бурсина» бо ихтисоси 02.00.03-химияи органикӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои химия гардид. Пас аз ин, ӯ пажӯҳишҳои илмии худро идома дода, соли 2000 дар мавзӯи «Синтез и биологические свойства низкомолекулярных тимусных пептидов и их биокоординационных соединений» бо ихтисосҳои 03.00.04-биохимия ва 14.00.25.- фармакология рисолаи докторӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои биологӣ гардид. Дар соли 2013 Бобиев Ғ.М. дар мавзӯи «Препараты на основе иммуноактивного дипептида и его координационных соединений с ионом цинка» бо ихтисоси 14.04.02 — Химияи фарматсевтӣ, фармакогнозия рисолаи дуюми докторӣ ҳимоя намуда, сазовори дараҷаи илмии доктори илмҳои фармасевтӣ низ гардид. Бобиев Ғ.М. барои дар амалияи тиббӣ татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқотҳои васеи илмиаш низкори зиёдеро анҷом дода, дар ин ҷода ҳам ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Дар Идораи патентии Чумҳурии Тоҷикистон 8 патенти Бобиев Ғ.М. ба қайд гирифта шуда, ба 9 патент дархост мавҷуд аст. Заҳмати Бобиев Ѓ.М. дар ин соҳа қадр гардид. Фаъолияти илмии профессор басе домандор аст, ки аз он таълифоти сершумори илмии ӯ шаҳодат медиҳад. Профессор Бобиев Ғ.М. муаллифи зиёда аз 304 кори илмӣ, аз он ҷумла 45 кори илмию педагогӣ мебошад, ки аз тарафи мутахассисони риштаҳои химияи органикӣ, биохимия, фармакология ва педагогика баҳои баланд гирифтаанд. Таҳти роҳбарии ӯ 6 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Иммуноактивные пептиды и их координационные соединения в медицине. — Москва, Издательский дом «Русский врач», 2009. — 228 с.;
- Руководство по физическим и физико-химическим методам фармацевтического анализа (учебно-методическое пособие). — Душанбе, 2009. — 315 с.;
- Химия. Китоби дарсӣ барои синфҳои 11. — Душанбе, ҶММ «XEROXLand», 2007. — 240 с.;
- Краткий курс теоретических основ физических и физико-химических методов фармацевтического анализа (учебное пособие). — Душанбе, ПК «Политкомп», 2006. — 132 с.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1999 лаурети конкурси Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон гардида, соли 2000 ғолиби ин конкурс шуд ва ба гирифтани медали тилои Созмони байналмиллалии моликияти интелектуалӣ мушарраф гардид.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Ғуломқодир Муккамолович Бобиев. 10 Январ 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 15 Январ 2016.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Бобиев Ғуломқодир Муккамолович // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 17 март
- Зодагони соли 1960
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Ваҳдат
- Докторони улуми биология
- Олимон аз рӯи алифбо
- Олимони Тоҷикистон
- Биологони Тоҷикистон
- Маорифшиносони Тоҷикистон
- Омӯзгорони Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон
- Дорандагони унвонҳои фахрӣ аз Тоҷикистон
- Докторони улуми фарматсевтӣ