Ғуломҳайдар Ғуломалиев
Ғуломҳайдар Ғуломалиев | |
---|---|
Санаи таваллуд: | 1904 |
Зодгоҳ: | ноҳияи Рушон ҶШС Тоҷикистон |
Маҳалли марг: | Душанбе ҶШС Тоҷикистон |
Шаҳрвандӣ: |
![]() |
Касб: | хореограф-балетмейстер, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик |
Мукофотҳо: | Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР(1957) |
Ғуломҳайдар Ғуломалиев (1904, деҳаи Вомари ҳозира ноҳияи Рушони ВМКБ – 19.04.1961, Душанбе) — хореограф, оҳангсоз ва навозандаи тоҷик. Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон. Ҳунарпешаи халқии СССР(1957).[1]
Зиндагинома[вироиш]
Ғуломҳайдар Ғуломалиев яке аз асосгузорони санъати мусиқӣ ва рақси касбии Бадахшон. С. 1933 дар назди клуби ноҳияи Рушон дастаи ҳаваскорони санъатро ташкил намуд. Солҳои 1940-41 артисти Ансамбли тарона ва рақси Помири Филармонияи давлатии Тоҷикистон, баъд то охири умр роҳбари ҳамин ансамбл буд. Ғуломалиев ҳамчун хореограф ва оҳангсоз дар ривоҷу равнақи санъати миллии тоҷик ҳиссаи босазое гузошт. Беҳтарин оҳангҳои эҷодкардаи Ғуломалиев ба ашъори халқӣ ва шоирони тоҷик инҳоянд: «Нола кунам», «Салом аз Бадахшон», «Маҳбуба», «Ба-деҳа», «Баҳори Бадахшон», «Суруд дар васфи Москав» ва ғ. Ғуломалиев дар таълиму тарбияи ҳунарпешагони ҷавон хизмати арзанда кардааст. Ансамбли бачагон, ки солҳои ҷанг дар Бадахшон ташкил карда буд, асоси Ансамбли тарона ва рақси Помир гардид. Гурминҷ Завқибеков, Нуқра Раҳматова, Савсан Бандишоева, Ғ. Худоёрбекова, С. Шоисмоилова ва чанд тани дигарон шогирдони ӯянд.[2]
Эзоҳ[вироиш]
- ↑ http://www.vfarhang.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=98&Itemid=75&lang=tj
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.116. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони соли 1904
- Зодагони ноҳияи Рушон
- Даргузаштагони шаҳри Душанбе
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони халқии ИҶШС
- Ҳунарпешаи театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ