Ғулпайкарӣ
Ғулпайкарӣ | |
---|---|
Ихтисос | Endocrinology |
| |
МКБ-10 | E22.0, E34.4 |
МКБ-9 | 253.0 |
DiseasesDB | 30730 |
MedlinePlus | 001174 |
eMedicine | / |
MeSH | D005877 |
Ғулпайкарӣ (форсӣ: غولپیکری), гигантизм (аз юн.-қад. γίγας юн.-қад. γίγας — «дев, бузургҷусса, азимҷусса») — рушди номуътадили қади одам.
Этиология
[вироиш | вироиши манбаъ]гигантизм дар натиҷаи аз меъёр зиёд ҳосил шудани ҳормони рушд, ки қисми пеши ҳипофиз хориҷ мекунад, ба вуҷуд меояд. Гигантизм ва қомати баланд аз якдигар фарқ доранд. Волидайни азимҷуссаҳо (гигантҳо), маъмулан, қадбаланд нестанд. Бештар мардон азимҷусса мешаванд. Гигантизм аз 9-10-солагӣ ё аз давраи балоғати ҷинсӣ зоҳир гашта, то интиҳои инкишофи физиологии андомгон (организм) давом мекунад.
Тасвири беморӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин қабил одамон гирифтори сардард, бемадорӣ, хастагӣ, дарди дасту по мебошанд. Мушакҳои дар аввал пурқуввати онҳо минбаъд якбора заиф мешаванд; хотира суст, фаъолияти рӯҳӣ номураттаб гашта, кори аъзои таносул, ғадудҳои сипаршакл ва зери меъда халал меёбад. Андоми одами азимҷусса номутаносиб аст; дасту пойҳо (хусусан пойҳо) дароз, сар майда мешавад. Қад ниҳоят дароз (мардҳо зиёда аз 200 см, занҳо — зиёда аз 190 см) аст. Ҳангоми гигантизм узвҳои дохилӣ низ калон мешаванд, мубодилаи моддаҳо тағйир меёбад. Дар мавриди гигантизм дар мардҳо гипогонадизм, дар занҳо аменорея ва бенаслӣ ба вуҷуд меоянд.
Аломати асосӣ барои ташхиси гигантизм қади баланд аст, яъне қаде, ки аз меъёри миёнаи кӯдакони ҳамон синну сол дароз бошад. Дар сурати мушоҳида нашудани тағйироти ҷиддӣ ва нишонаҳои гигантизм, вале баланд будани қади кӯдак, волидайн ва хешу ақрабои ӯ низ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд. Агар ҳамаи онҳо болобаланд бошанд, пас чунин кӯдак қадбаланд маҳсуб дониста мешавад (он беморӣ нест ва муолиҷаи махсус намехоҳад). Қади баъзе кӯдакони гирифтори ҷоғар низ баланд аст, вале он ба дараҷаи гигантизм намерасад.
Дармон
[вироиш | вироиши манбаъ]Усулҳои ҳозираи табобат (истифодаи муштараки доруҳои ҳормонӣ ва рентгенотерапия) дар аксар ҳолатҳо натиҷаи хуб медиҳанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гигантизм / Ш. Анварова // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Великаны, патология роста // Энциклопедический словарь Брокгауза и Ефрона : в 86 т. (82 т. и 4 доп.). — СПб., 1890—1907.