Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Ғумай

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғумай
Таснифи илмӣ
Lua error in Модул:Taxonomy/classification at line 72: attempt to concatenate a boolean value.
Номи илмӣ
ХАТО
Параметри лотинӣ набояд холӣ бошад

Ғумай (Sorghum halepense), ғумой, ғумо, ҷу­во­ри­каҳак - як навъ рустании бисёрсола.

Тавсифи ботаникӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Решааш сафеди сер­бу­ғум, ба хок 60–80 см чуқур меравад. Пояаш рост (то 2 м қад мекашад), баргаш да­роз (20–60 см), паҳн (5 см), нӯг­тез ва дурушт. Гу­лаш ду­ҷин­са, хӯ­шааш сердон (то 2–4 ҳазор), донаш дор­чинӣ, бо пу­лакчаҳо пӯ­ши­да шудааст (то 4 сол қо­би­лия­ти сабзиш дорад). Ғ. рустании гар­мипарвар аст. Май – ноябр гул карда, донаш мепазад.

Макони рӯидан

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғумай дар Ҳин­дус­тон, кишварҳои баҳ­ри Миёназамин, Хитой, Қаф­қоз, Қрим, Осиёи Мар­ка­зӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, ме­рӯяд.

Таъсир ба кишоварзӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Алафи бегонаи пахтазор, замини юнучқа ва ган­думу ҷав аст. Заминҳое, ки ғумай пахш кардааст, камҳосил мешаванд.

Баргу пояи сабзи ғумай хӯро­ки хуби чорвост. Аз он силоси хушсифат тайёр мекунанд. Дар таркиби хошоки ғумай протеин (11,5%), сафеда (10,2%), равған (2,3%), клетчатка (45,9%) ва моддаҳои қиё­мии бенитроген (32,4%), дар тар­киби решааш оҳар (27%), қанд (13%) ва гликозиди дур­рин мавҷуд аст.

Истифода дар тиб

[вироиш | вироиши манбаъ]

Табибони гузашта бо ғумай бемории сифилис­ро табобат мекарданд. Дар тибби халқӣ бехи он барои манъ кардани хун­равӣ, муолиҷаи тарбод, бемории оташак, ниқ­рис, нев­ралгия истифода мешавад. Нақеи дони ҷувори­ка­ҳак давои хуби пешоброн аст.

  • Комаров Б. М. Определитель растений северного Тад­жи­кис­тана. Д., 1967;
  • Штерншис М. В. Биологическая защита растений. М., 2004;
  • Артохин К. С. Сорные растения. Ростов-на-Дону, 2004.