Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ
Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ |
|---|
Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ (форсӣ: قبلان بیگ بن شیر بیگ ماوراءالنهری; қарни XVI — қарни XVII) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Падараш — Шербек, дар ҷавонӣ ба Ҳиндустон кӯчид. Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ дар Ҳиндустон ба дунё омад. Дар даргоҳи Абдураҳими Хонихонон ба сипоҳигарӣ машғул шуд. Ба шеъру шоирӣ шавқу рағбат пайдо кард, улуми адабиро омӯхт. Дар тазкираҳо, масалан, дар «Маосири Раҳимӣ» ин ҳунари ӯ ситуда шудааст. Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ бештар қасидаҳои мадҳӣ (дар васфи хоҷааш) гуфтааст. Маснавие бо номи «Моҳу Дастон» (дар ишқварзии Золу Рӯдоба) аз ӯ боқӣ мондааст. Байтҳои зер намунае аз шеъри Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ аз достони мазкур:
Ба ҳар маҷлис, ки бошам, арҷмандам,
Ки бӯстони суханро нахл бандам.
Насаб пурсӣ, зи турконам, зи туркон,
Ҳасаб ҷӯӣ, сухандонам, сухандон.
Дар оину улус олинишонам,
Чароғи дудмони қӯшчиёнам...
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қаблонбеки Мовароуннаҳрӣ / Ф. Маҳмадуллоев // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).