Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қавм (этнос)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Оилаи калон

Қавм (юн. ἔθνος) — авлод. Маъноҳо:

  1. Қавм — аҳли хешутаборони ҳамхун, ки пайдоиши худро аз тарафи модар ё падар ба аҷдоди ягона (авлод) вобаста мекарданд. Тақрибан 40 ҳаз. сол муқаддам рушди қувваҳои истеҳсолкунанда, дигаргуниҳои иҷтимоӣ боиси ташаккули одами намуди ҳозира Homo Sapiens (инсони бохирад) ва аз тӯдаи ибтидоии башар ҷудо шудани авлод гардидааст;
  1. Қавм — тоифаи як маҳалла, гузар ва деҳа, ки бино, ҳавз, асбобу афзори маъракаҳои оилавӣ ва ҷамъиятиро якҷоя истифода мебаранд. Онҳо нисбат ба якдигар ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои «ҳаққи ҳамсоягӣ», «маҳалладорӣ» доштанд. Аъзои қавм дар тӯйу мотами якдигар иштирок менамуданд, ба ҳамдигар молу пул ё қарз ё насия медоданд, шаъну шарафи ҳамқавмонро ҳимоя мекарданд, мардҳо дар ҳашарҳо, алғов (корҳои меҳнатталаби хоҷагӣ ва истеҳсолот), занон ҳангоми пахтакашӣ, ресмонресӣ, сӯзанидӯзӣ, равғанкашӣ ва ғайра ба ҳамдигар мадад мерасонанд. Анъанаи қавм дар байни аҳолӣ то ҳоло вомехӯрад.
  1. Қавм — намуди махсуси гуруҳи иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи протсесси табиии таърихӣ ба вуҷуд омадааст, дар илм  — этнос (юн. ἔθνος ном гирифтааст. Нишонаи муҳимтарини қавм худшиносист; ин хусусиятҳо забон, маданият ва ҳолати рӯҳии (психикаи) ба худ хос дорад.[1]

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. ↑ Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 311