Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қалами ранга

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаламҳои ранга

Қалами ранга як намуди асбоби рассомист, ки аз мағзи борики пигментдор сохта шуда, дар ғилофи найшакли чӯбин ҷойгир аст. Бар хилофи қаламҳои графитӣ ва ангиштӣ, мағзи қалами ранга мум, равған ва инчунин миқдорҳои гуногуни рангдонаҳо ва моддаҳои часпандаро дорад.[1] Илова бар ин, қаламҳои ранга метавонанд акварел (дар об ҳалшаванда), пастелӣ ва механикӣ бошанд.

Қаламҳои ранга дар доираи васеи нарх ва сифат истеҳсол мешаванд. Миқдори рангдона, навъи чӯб, устувории ранг ба рӯшноӣ ва нармии мағз аз хусусиятҳое мебошанд, ки сифати бренд ва арзиши қаламро муайян мекунанд. Одатан, қаламҳои ранга дар қаламдонҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд, то аз шикастан ва осеб дидан муҳофизат шаванд.

Гарчанде ки қаламҳои ранга зиёда аз як аср вуҷуд дошта бошанд ҳам, дар гузашта онҳоро рассомони профессионалӣ кам истифода мебурданд. Аммо бо рушди технология ва усулҳои нав, онҳо ба як маводи дастрас ва қулай табдил ёфта, корбурдашон дар ҷаҳони санъат фаровонтар шудааст.[2]

Корбурди маводҳои асосаш мумдор аз Давраи тиллоии Юнони Қадим сарчашма мегирад ва дертар онро донишманди румӣ Плинийи Бузург низ зикр кардааст. Дар тӯли асрҳо рассомон ин маводҳоро барои устуворӣ, баландию бастагӣ ва хусусиятҳои хуби рангуборияшон истифода мебурданд.[3]

Дар давоми даҳсолаҳо қаламҳои ранга асосан барои баҳодиҳию нишонагузорӣ ба кор бурда мешуданд. Танҳо аз аввали асри XX сар карда, истеҳсоли қаламҳои рангаи босифат барои рассомӣ оғоз ёфтааст. Аввалин ширкатҳои истеҳсолкунандаи чунин қаламҳо инҳо мебошанд: Faber-Castell (1908), Caran d’Ache (1924), Berol (1938) ва Prismacolor (1938).[4]

Якчанд намуди қаламҳои ранга барои корбурди ҳунарӣ ва рӯзмарра истеҳсол карда мешаванд.

Қаламҳои профессионалӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаламҳои рангаи профессионалӣ нисбат ба навъҳои донишҷӯӣ дорои рангдонаҳои бештар ва босифаттар мебошанд. Устувории онҳо ба рӯшноӣ, яъне напаридани рангашон дар зери таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб санҷида ва ҳуҷҷатгузорӣ карда мешавад. Ин қаламҳо мағзи қавитар, муқовимати беҳтар ба шикастан ва об доранд. Нуфузи бренд низ яке аз омилҳои муҳими сифати онҳо ба ҳисоб меравад.[5]

Ин намуди қаламҳо дорои рангҳои фаровонтарин буда, брендҳо асосан маҷмӯаҳои 72-ранга ва баъзан то 120-рангаро ҳам пешниҳод мекунанд. Ин гуна қаламҳоро, аз мағозаҳои асбобҳои рассомӣ, ба алоҳидагӣ низ дастрас кардан мумкин аст.

Қаламҳои донишҷӯӣ ва мактабӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Қаламҳои рангаи истеҳсоли Schwan-Stabilo

Бисёре аз ширкатҳое, ки қаламҳои рангаи профессионалиро мебароранд, қаламҳои донишҷӯию мактабиро низ истеҳсол мекунанд. Ин гуна қаламҳо одатан рейтинги устуворӣ ба рӯшноӣ надоранд ва миқдори рангдонаи таркибашон ҳам камтар назорат мешавад. Қаламҳои рангаи донишҷӯӣ ва мактабӣ аз ҷиҳати сифати рангдонаҳо ва устуворӣ ба рӯшноӣ аз қаламҳои рангаи профессионалӣ поинтар буда, доираи рангҳояшон низ маҳдудтар аст (маҷмӯаҳои 24- ё 36-ранга).

Бо вуҷуди ин, чунин қаламҳо арзонтаранд ва барои кӯдакон, донишҷӯён ва рассомони навомӯз хеле мувофиқ ва дастрас мебошанд.

Қаламҳои акварелӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳамчунин бубинед: Акварел

Қаламҳои акварелӣ (дар об ҳалшаванда) метавонанд ҳам хушк, чун қаламҳои рангаи оддӣ ва ҳам тар барои ба даст овардани эффектҳои акварелӣ истифода шаванд. Дар усули тар, рассом аввал рангро ба рӯи коғаз мекашад, сипас бо хасуи намнок онро фаъол карда, паҳн мекунад. Ин техника имкон медиҳад, ки рангҳо хуб омехта шаванд. Аз ҳамин сабаб, бисёре аз рассомон дар як расм ҳам усули хушк ва ҳам тарро якҷоя истифода мебаранд.[6]

Қаламҳои равғанасос

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қаламҳои равғанасос дорои моддаи часпандаи равғанӣ мебошанд.[7] Ин навъи часпанда ба онҳо сатҳи ҳамвортар ва устувории бештари ранг медиҳад.

Бо ин қаламҳо рангҳо осон омехта мешаванд ва метавон онҳоро қабат-қабат истифода бурд. Ин ба рассом кӯмак мекунад, ки гузаришҳои мулоими ранг ба даст орад.

Ин қаламҳо бо рангҳои баста ва серҷило машҳуранд ва метавонанд дар рӯи сатҳҳои гуногун истифода шаванд. Аз ҳамин сабаб, онҳо барои корҳои дақиқ ва дарозмуддат ба кор бурда мешаванд.

Қаламҳои пастелӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Ҳамчунин бубинед: Пастел

Қаламҳои пастелӣ ба пастелҳои сахт монанд ҳастанд. Онҳоро метавон танҳо ё якҷоя бо дигар воситаҳои рассомӣ истифода бурд. Бо ин қаламҳо метавон ба таври хушк, тар ва омехта кор кард.

Бисёре аз рассомон онҳоро барои эскизҳои аввалӣ истифода мебаранд. Ҳамчунин, нӯги онҳоро тез карда, қисмҳои дақиқи расмҳоро низ мекашанд.[8]

  1. How It's Made: Colored Pencils. HowStuffWorks, Inc.. 13 сентябри 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 29 августи 2013.
  2. Alyona, Nickelsen (2009). Colored Pencil Painting Bible. New York: Watson-Guptill Publications. pp. 10–13. ISBN 978-0-8230-8557-6.
  3. Girdler Jr., Reynolds (1967). «Crayons in the History of the Arts». Art Education (National Art Education Association) 20 (1): 31–32.
  4. Ellis, Margaret Categories of Wax-Based Drawing Media. waac newsletter (Сентябри 1997).
  5. Gildow, Janie (29 July 2012). Colored Pencil Explorations: How to Mix Media for Creative Results. North Light Books. pp. 14–15. ISBN 9781440323942.(пайванди дастнорас)
  6. Poulin, Bernard. The Complete Colored Pencil Book. North Light Books Inc. pp. 13–14. ISBN 9781440303883.(пайванди дастнорас)
  7. Oil-Based vs Wax-Based Colored Pencils (4 апрели 2016).
  8. Art is fun.