Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қаландари Қабоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаландари Қабоӣ

Қаландар Қабоиии Бухороӣ(форсӣ: قلندر قبای بخاری‎; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қабоӣ худро шогирди Сайидои Насафӣ медонист. Мувофиқи маълумоти тазкираи Малеҳои Самарқандӣ Қабоӣ «Воҳидулайн буд, ки чашм аз баду неки дунё акнун мепӯшид ва бар кори уқбо қасди кӯшидан дошт. Асоси қаландарияш; аз жанда ва кулоҳу алафу намад… Ба ҳамин либос ба Самарқанд омад». Ба гумони муаллифи ин тазкира, гоҳе шомгоҳон ҳамроҳи мавзунон ва зурафои Самарқанд дар маҳфилҳои ворастагон пайдо мешуд.

Ин байт аз ӯст:

Сад нашъаи латофат дар пайкарат аён аст,
Мавҷи майи назокат мӯйе аз он миён аст.