Қалъаи Афросиёб (Ҳисор)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қалъаи Афросиёб - яке аз номҳои таърихии Қалъаи Ҳисор. Муаррихи аасри XVII тоҷик Муҳаммад ибни Валӣ дар асараш «Баҳор-ул-асрор» (дар боби «Сағониён») бо ҳамин ном зикр карда, навиштааст, ки Қалъаи Афросиёб чунон баланд будааст, ки онро на одамон, балки девону ҷиниён бунёд кардаанд: «Ва он ҳисорест, ки дар ғояти паҳнӣ ва истеҳкӣ (яъне мустаҳкамӣ) бар фарози баландӣ олӣ. Ва дар баъзе осор чунин ба вузӯҳ мепайвандад, ки он баландӣ… аз савонии девону ҷиниён хоҳад буд». [1]

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 315