Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қалъаи Зангкӯб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Қалъаи Зангкӯб
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Лахш
Ҷамоат Деҳоти Наврӯз
Таърих ва ҷуғрофиё
Номҳои пешина Занкон, Қалаъаи Занкон
Минтақаи замонӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 1452 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3132
Нишонаи почта 737450
Коди мошин TJ08

Қалъаи Зангкӯб[1][2] (то марти 2022 — Занкон) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш. Аз Қалъаи Зангкӯб то маркази ҷамоат 2 км, то маркази ноҳия 3 км; роҳ қисман асфалтпӯш. Аҳолиаш 1452 нафар (2017), тоҷикон.

Деҳа муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, китобхона, ошхона, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, масҷиди панҷвақта ва 4 нуқтаи савдои хусусӣ дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: картошкапарварӣ, боғдорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорӣ. Заминҳо ба воситаи наҳр аз рӯди Кабуд обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа 50 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд.