Қалъаи Қаратоғ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қалъаи Қаратоғ - ёдгории археологӣ ва фортификатсионии мансуб ба асри XIX, ки дар наздикии деҳаи Қаратоғ, дар соҳили рости дарёи Қаротоғ воқеъ буд. Дар он беки Ҳисор мезист. Харобаҳои қалъаро сайёҳи франсавӣ Г. Бонвало, ки соли 1886 ба Бухорои Шарқӣ омада буд, тасвир кардааст. Дарозии он зиёда аз 400 м ва бараш қариб 200 м будааст. Деворҳои қалъа бурҷҳои чоркунҷа ва тиркашҳо доштанд. Аз ду тараф биноҳои айвондор (барои посбонон) воқеъ гардида буданд. Толорҳо кандакорӣ шуда, бо расми гулу меваҳо оро ёфта буданд. Дар шафати биноҳо хонаҳои хизматгорону ҷанговарон, хазинаю анбор ва саисхонаҳои калон воқеъ буданд. Дар тарафи чапи даромадгоҳи асосии қалъа дари хурде буд, ки аз боғ ба толори ҳавлии дарун кушода мешуд. Ҳарамсарои он ҷо дар иҳотаи биноҳои айвондор буда, дар онҳо хизматгорон мезистанд. Қалъаи Қаратоғ ҳангоми Ҳисорро забт кардани қӯшунҳои амир (с-ҳои 60 асри XIX) тамоман хароб гардид.[1]

Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 316

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]