Қамбархони Хуҷандӣ
Қамбархони Хуҷандӣ |
|---|
Қамбархони Хуҷандӣ (форсӣ: قمبرخان; 1810/15 — ?) — шоираи форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар гузари Чоршанбеи маҳаллаи Масҷиди Сарви шаҳри Хуҷанд таваллуд шуд ва тамоми умрашро дар зодгоҳ сипарӣ кардааст. Қамбархон зани бомаърифату заковатманд буда, бо тахаллуси «Хуҷандӣ» шеър гуфтааст. Бештар ғазалу мухаммас эҷод кардааст. Аксар шеърҳои ошиқонаи Қамбархон, ба мавзуъҳои иҷтимоӣ бахшида шуда, дар онҳо дарду алам, азоби ҳиҷрон, умеди дидор, эътироз аз замон садо медиҳанд. Аз осори Қамбархон тавассути манбаъҳои адабӣ бештар аз 800 мисраъ шеър дастрас ва сабкаш ба эҷодиёти шифоҳии мардум наздик аст. Мероси ӯ барои муайян кардани масъалаҳои адабиёти қарни XIX аҳаммияти калон дорад.
Намунае аз ашъори ӯ:
Бе ҷамолат пеши ошиқ суҳбати ағёр талх,
Улфати нодону доно, дӯстон, бисёр талх.
Булбули доно макун ҳамсуҳбати зоғи хасис,
Коми нутқи хушнаворо чун даҳони мор талх.
Ҳар киро набвад агар ҳамсуҳбаташ хубу латиф,
Дар мазоқаш зиндагӣ чун шарбати кӯкнор талх…
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қайдии Мовароуннаҳрӣ // Косон — Қурбон. — Д. : СИЭМТ, 2023. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 11). — ISBN 978-99985-0-053-2.
- Шодиев Э. Шоираҳои тоинқилобии Хуҷанд. Д., 1986.