Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қаннуҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаннуҷӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Абдулбосит ибни Рустам ибни Алии Қиннавҷӣ (ар. عبد الباسط بن رستم علي بن علي أصغر القنوجي‎; 1746, Ҳиндустон — 1808) — фақеҳи ҳанафӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ӯро аз насли Шайх Имомуддини Кирмонӣ (соҳиби «ал-Фусулу-л-имодия») гуфтаанд. Қиннавҷӣ улуми нақлӣ ва ақлиро аз падар фаро гирифт ва дар фиқҳ, қоидаҳои забони арабӣ, ҳисобу фароиз маҳорат пайдо кард. Ӯ хеле хушхат ва зуднавис будааст. Аз машҳуртарин машоих ва омӯзгорони асри худ ҳисоб меёфт, ки толибилмони бисёре аз атрофу акноф барои таҳсили улум наздаш меомаданд. Қиннавҷӣ шогирдони бисёреро тарбия кардааст, ки Ҳасан ибни Алии Қиннавҷӣ аз машҳуртарини онҳо мебошад. Дар баробари тадрис ба таълиф ва шарҳи баъзе асарҳо, ба монанди «Зубдату-л-фароиз», «Назму-л-лаоли фӣ шарҳи Сулосиёти-л-Бухорӣ», «Интихобу-л-ҳасанот фӣ тарҷумати аҳодиси „Далоили-л-хайрот“», «Арбауна ҳадисан суноиян» ва шарҳи он «ал-Ҳаблу-л-матин фӣ шарҳи-л-Арбаин», «Аҷибу-л-баён фӣ асрори-л-Қуръон», «Шифоу-ш-Шофия» ва «Шарҳу Таҳзиб фӣ-л-мантиқ» машғул будааст.