Худояр Қараев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қараев Худояр)
Худояр Қараев
Таърихи таваллуд 2 январ 1955(1955-01-02) (69 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Рӯдакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ риёзиёт
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Худояр Қараев (тав. 02.01.1955, ноҳияи Ленин (имрӯза Рӯдакӣ)) — риёзидон, номзади илмҳои физика-математика (1993), дотсент (1998).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1972–1976 дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1976–1982 муаллими математикаи мактаби миёнаи №13 ноҳияи Рӯдакӣ, 1982–1985 ассистенти кафедраи анализи математикӣ, 1985–1988 аспиранти кафедраи номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1986–1998 ҳамчун муовини сардори қисми таълим, 1998–2006 декани факултети таҳсилоти ғоибонаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 2006 дотсенти кафедраи математикаи олии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон номбурда мебошад. Муаллифи зиёда аз 40 таълифоти илмӣ ва илмию методӣ аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Осор.: Задача Римана-Гильберта для обобщения системы Мойсила-Теодореско // Дифференциальные уравнения и их применение, Вильнюс, 1990, Вып. 45.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]