Jump to content

Қароев Қара Абулфаз оғлӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қароев Қара Абулфаз оғлӣ
Қароев Қара Абулфаз оғлӣ
Иттилооти асосӣ
Ном ба ҳангоми таваллуд озарбойҷонӣ: Qara Əbülfəz oğlu Qarayev
Таърихи таваллуд 5 феврал 1918(1918-02-05)
Зодгоҳ Озарбойҷон (Озарбойҷон)
Таърихи даргузашт 13 май 1982(1982-05-13) (64 сол)
Маҳалли даргузашт шаҳри Боку (Озарбойҷон)
Солҳои фаъолият 19381982
Кишвар
Пеша(ҳо) композитор
Соз фортепиано
Сабк опера, симфонӣ ва ballet[d]
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ
ордени Ленин ордени Ленин ордени Инқилоби Октябр ордени Байрақи Сурхи Меҳнат Jubilee Medal "In Commemoration of the 100th Anniversary of the Birth of Vladimir Ilyich Lenin" Medal "For the Defence of the Caucasus" Медали «Барои меҳнати шуҷоатнок дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941—1945»
Stalin Prize, 2nd degree Stalin Prize, 2nd degree Ҳунарпешаи мардумии ИҶШС People's Artiste of the Azerbaijan SSR Honored Art Worker of the Azerbaijan SSR Мукофоти ленинӣ State Prize of the Azerbaijan SSR Mirza Fatali Akhundov State Prize of the Azerbaijan SSR
Соядаст
Соядаст
qara-qarayev.musigi-dunya.az/…(рус.)
 Парвандаҳо дар Викианбор

Қара Қароев (1918-1982) — композитори машҳури Озарбойҷон, омӯзгор, Лауреати мукофоти Ленинӣ. Артисти халқии ИҶШС (1959). Акад. АИ ҶШС Озарбойҷон, Қаҳрамони меҳнати Сотсиалистӣ (1978).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қара Қароев соли 1946 Консерваторияи давлатии Москва ба номи П.И. Чайковскийро (синфи Д. Шостакович) хатм намудааст. Дар солҳои 1946-1982 дар Консерваторияи давлатии Озарбойҷон дарс додааст (солҳои 1950-1953 ректори Консерваторияи давлатии Озарбойҷон, аз соли 1959 профессор). Балетҳои Қароев «Ҳафт нозанин» ва «Пайраҳаи тундар» дар ҷаҳон машҳур гашта, дар театрҳои мусиқии бисёр мамлакатҳо намоиш дода мешаванд. Қароев дар мусиқии балети «Ҳафт нозанин» мусиқии халқии озариро васеъ истифода намуда, дар балети «Пайраҳаи тундар» оҳангҳову зарбу усули африқоӣ, рангубори аркестрии онҳо шунавандаро ба ваҷҳ меоранд. Ғайр аз ин ӯ муаллифи як қатор асарҳо, аз ҷумла достони симфонии «Лайлӣ ва Маҷнун», 3 симфония, консерт барои скрипка бо оркестр, 24 прелюдия, 12 фуга, рамансу сурудҳо, мусиқӣ ба намоишномаҳо, ба кинофилмҳо ва ғ. мебошад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.199. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)