Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қаторкӯҳи Ванҷ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Ванҷ
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 85 км
Паҳно15 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ5 588 м
Макон

Қаторкӯҳи Ванҷқаторкӯҳест дар Помири Ғарбӣ, дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст.

Қаторкӯҳ аз канори ҷанубии каторкӯҳи Академияи Илмҳо то дарёи Панҷ, дар байни дарёҳои Ванҷ ва Язғулом тӯл кашидааст. Дарозии он тақрибан 85 км аст. Баландӣ - зиёда аз 5 000 м мебошад.

Қаторкӯҳ аз хоро, регсангҳо ва конгломератҳо иборат аст. Нишебиҳо хам буда бо дараҳо бурида шудаанд. Дар нишебиҳо арча, гули Вард ва дулонамерӯяд. Зиёда аз 4 000 м пушта бо пиряхҳо фаро гирифта шудааст (масоҳати умумӣ тақрибан 164 км²).