Қаторкӯҳи Зарафшон
Қаторкӯҳи Зарафшон ? | |
|---|---|
| Мушаххасот | |
| Дарозӣ |
|
| Нуқтаи баландтарин | |
| Баландии мутлақ | 5 489 м |
| Макон | |
| Парвандаҳо дар Викианбор | |
Зарафшон — қаторкӯҳест дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон. Ба манзумаи кӯҳии Ҳисору Олой дохил мешавад.
Ҷуғрофиё
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз банди кӯҳии Масчо оғоз ёфта, ба Ғарб (то биёбони Ҷом) тақрибан 420 км тӯл кашидааст. Қисми шарқиаш ҳавзаи рӯдҳои Масчоҳу Яғноб ва ғарбиаш ҳавзаи Зарафшону Қашқадарёро аз ҳам ҷудо мекунад. Зарафшон дар давраи чиндоршавии ҳерсинӣ ба вуҷуд омада, баъдтар вайрон шудааст ва аз давраҳои палеогену неоген аз нав бардошта шуда, шакли ҳозираро гирифтааст. Асосан аз ҷинсҳои таҳнишаст ва қисман санги хоро (гранит) таркиб ёфтааст. Дар қисми бахшгоҳаш мармару оҳаксангҳои мармаршуда, дар нишебиҳо оҳаксанг, регсанг, варақсангҳо хобидаанд. Шохобҳои чапи рӯди Зарафшон — Фон, Киштӯд, Моғиён Зарафшон-ро кӯндаланг (тарвоза) убур карда, онро ба қисмҳо ҷудо мекунанд. Қисми шарқиаш то рӯди Фон бо номи кӯҳҳои Масчо машҳур аст. Ин силсилаи кӯҳҳо нисбатан камбар, теғаҳояш тез, ба шимол моил ва ба ҷануб рост мефуроянд. Баландии кӯҳҳо 4000 −5000 м, нуқтаи аз ҳама баланди онҳо — қуллаи Тутак (5433 м). Баландии ағбаҳо 3800-3900 м. Барфу пиряхҳо бисёранд. Дар баландиҳои Зарафшон зиёда аз 350 пирях (масоҳати умумиашон 269 км²) мавҷуд аст, аз ҷумла дар пайвандгоҳи қаторкӯҳҳои Туркистону Зарафшон пиряхи Зарафшон воқеъ гардидааст. Қисми дигари қаторкӯҳҳои байни рӯдҳои Фон ва Киштӯдро кӯҳҳои Фон меноманд. Ин кӯҳҳоро водию дараҳои амиқ ба якчанд силсилаи кӯҳҳои хурд тақсим кардаанд. Нуқтаи аз ҳама баланди Зарафшон — қуллаи Чимтарға (5494 м) дар ҳамин ҷо воқеъ гаштааст. Дар нишебиҳои ғарбии он якчанд кӯл ҳаст, ки калонтаринашон Кӯли Калон ном дорад. Дар ҷануб кӯҳҳои Фонро водиҳои баландкӯҳи Қарокӯл ва Искандар бо қаторкӯҳи Ҳисор пайваст мекунанд. Қисми севуми қаторкӯҳи Зарафшон (баландиаш то 4000 м) дар байни рӯдҳои Киштӯду Моғиён воқеъ буда, водию дараҳои амиқ дорад. Дар дараи Шинг гурӯҳи кӯлҳои Марғзор (ҳамагӣ 7 кӯл) воқеъ гаштаанд. Қисми Зарафшон — аз рӯди Моғиён то ағбаи Тахтақарача — кӯҳи Чақили Калон ном гирифтааст. Баландиаш ба ҳисоби миёна 2500 м, нуқтаи аз ҳама баландаш 2936 м. Нишебиҳои шимолии он росту кӯтоҳ, ҷанубиаш моилу дароЗарафшон Аз ағбаи Тахтақарача ба Ғарб кӯҳи Қаротеппа тӯл кашидааст. Он то 500—600 м паст ва боз баланд шуда, бо кӯҳи Зирабулоқ пайваст мегардад. Кӯҳҳои Зирабулоқ ва Зиёвуддин давоми ғарбии Зарафшон мебошанд.
Сарватҳои табиъӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Зарафшон аз сарватҳои табиӣ сурма, симоб, волфрам, мис, маргимуш (арсен), сурб, ангишти бӯр ва ғ. ёфт шудаанд. Иқлими домана ва нишебиҳои пасти кӯҳҳо гарми камбориш; дар баландӣ иқлим торафт салқинтару боришот зиёдтар мешавад. Ҳарорати миёнаи январ дар қисми пасти кӯҳҳо аз −0,5°С то 2°С, дар баландиҳои 2500-3000 м аз −6 то −10°С; июл мувофиқан 25-29 ва 15-18°С. Миқдори бориши солона 200—400 мм, аз ғарб ба шарқ меафзояд. Баландии хатти барф дар нишебиҳои шимолӣ 3400-4400 м, дар ҷануб 3600-4600 м. Дар Зарафшон кӯҳнавардӣ рушд кардааст (бештар дар кӯҳҳои Фон). Дар кӯҳҳои ҳудуди Зарафшон зиёда аз 130 ағба мавҷуд аст, ки аз он дар ағбаҳои Шаҳристон ва Анзоб роҳҳои атомобилгард сохта шудаанд. Дар шоҳроҳи автомобилгарди Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ, ки тавассути Зарафшон мегузарад, нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» бунёд гардиданд. Дар нишебиҳои кӯҳӣ (то 1200 м) набототи биёбониву нимбиёбонӣ, асосан явшону шӯра мерӯянд. Хоки ин минтақа хокистарранг ва хокистарранги тира аст. Дар баландии 1200—2000 м биёбони шӯраву явшондор ҷойгир шуда, дар маҳалҳои алоҳида рустаниҳои гуногуни эфемерӣ, пиёзи кӯҳӣ (ансал), лола, чинорак, пирей, анҷибар, чимак, юған, камол, зирк, бушол, настаран, вағнич мерӯянд. Хокаш ҷигарии кушод. Баландии 2000—2700 м аз биёбони явшонзор, шибоғи тунукбарг, ҷо-ҷо аз дашти типчоқзор ва ҷангалҳои кӯҳӣ иборат аст. Ҷавалаф, бомус, каврак, бетага, дар ҷангалзори кӯҳӣ арча, заранг, фарк ва ғ. низ ба назар мерасанд. Хоки ин ҷо ҷигарии кушод. Дар баландиҳои 2700 −3400 м марғзорҳои кӯҳӣ мавҷуданд. Бештар алафҳои хордор ва арча мерӯянд. Дар баландиҳои 3400-4000 м рустаниҳои баландкӯҳии чалов, бетага, нахӯдак ва алафу рустаниҳои хордор дучор меоянд. Аз 4000 м боло набототи сираки минтақаи баландкӯҳӣ мерӯяд. Олами ҳайвоноти Зарафшон ғанӣ ва гуногун аст. Бештар гург, ирбис, гуроз, бузи кӯҳӣ, суғур, силовсин, қашқалдоқ, савсор, ҷайра, калламуш; аз парандаҳо бургут, ғаҷир, лошахӯри барфӣ, кабк, кабки ҳилол, кабӯтар ва ғ. вомехӯранд. Дар Зарафшон чарогоҳҳо зиёданд. Дар водиҳо аҳолӣ ба ғаллакорӣ, боғдорӣ, чорводорӣ ва сабзавоткорӣ машғуланд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зарафшон / Ӯ. Олимов, Т. Шокиров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.