Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Қаторкӯҳи Каюмарс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаторкӯҳи Каюмарс
?
Мушаххасот
Дарозӣ
  • 250 км
Паҳно40 км
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ7 134 м
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Қаторкӯҳи Каюмарс[1] ё Қаторкӯҳи Чонолой (қирғ. Чоң Алай кырка тоосу) — қаторкӯҳест дар ҷанубу шарқии Осиёи Марказӣ, ки кӯҳистони Помир ва водии Олойро аз якдигар ҷудо мекунад.

Баландтарин нуқтаи қаторкӯҳҳои Каюмарс қуллаи Ибни Сино аст. Қаторкӯҳ яхбандии назаррас дорад. Аз қуллаҳои ин қаторкӯҳ баландтарин қуллаҳои Боми ҷаҳон, бавижа қуллаи Исмоили Сомонӣ ва қуллаи Озодӣ, дида мешаванд.

Гарданаҳои Сурхкӯтал (қирғ. Кызыл-Арт) ва Терс-Агар қаторкӯҳро ба 3 бахш — шарқӣ, марказӣ ва ғарбӣ ҷудо мекунанд. Қуллаи Ибни Сино, ки дар бахши марказии ин қаторкӯҳ ҷой дорад, яке аз пурбоздидкунандатарин ҷозибаҳои кӯҳгардӣ ва кӯҳнавардӣ аст.

Аз гарданаи Сурхкӯтал роҳе мегузарад, ки шаҳрҳои Ӯш ва Хоруғро мепайвандад.