Қаторкӯҳи Туркистон
Намуди зоҳирӣ
Қаторкӯҳи Туркистон ? | |
|---|---|
| Мушаххасот | |
| Дарозӣ |
|
| Нуқтаи баландтарин | |
| Баландии мутлақ | 5 621 м |
| Макон | |
| Парвандаҳо дар Викианбор | |
Қаторкӯҳи Туркистон — қаторкӯҳест дар силсилаи кӯҳҳои Ҳисору Олой, дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбакистон.
Аз шарқ ба ғарб (аз банди кӯҳи Масчо, ки бо қаторкӯҳи Олой пайваст аст, то наздики қалъаи Фармонтеппа) ба масофаи қариб 340 км тӯл кашидааст. Баландиаш то 5509 м, дар интлҳои шарқӣ то 5621 м. Асосан аз варақсанг, регсанг ва оҳаксанг таркиб ёфтааст. Дар нишебиҳои қисми шарқи қаторкӯҳ пиряхҳо (калонтаринашон Зарафшон) мавҷуданд. Дар нишебиҳои шимолӣ ва ҷанубӣ ҷо-ҷо арчазорҳо ҳастанд. Ба воситаи ағбаи Шаҳристон (3378 м) роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд мегузарад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Туркистон // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
Гурӯҳҳо:
- Қуттӣ дар Геоқуттӣ: пур кардан: Ном
- Википедия:Мақолаҳои ҷуғрофӣ бе нишон додани кишварҳо
- Қаторкӯҳҳо аз рӯи алифбо
- Объектҳои ҷуғрофии табиӣ аз рӯи алифбо
- ЛОИҲА:ҶУҒ:Ҳаҷми мақола: камтар аз 400 аломат
- ЛОИҲА:ҶУҒ:Вироиши охирин: дар соли гузашта
- Қаторкӯҳҳои Тоҷикистон
- Қаторкӯҳҳои Ӯзбекистон
- Қаторкӯҳҳои Қирғизистон