Қаттони Марвазӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қаттони Марвазӣ
Таърихи таваллуд 1072
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1153
Кишвар

Айнуззамон Абӯалӣ Ҳасан ибни Алии Қаттони Марвазӣ (форсӣ: عین‌الزمان ابوعلی حسن بن علی قطّان مروزی‎; 1072, Марв — 1153) — пизишк, риёзидон, ахтаршинос ва адиби форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Гузаштагони Қаттони Марвазӣ аҳли Бухоро буда, худ соли 1072 дар шаҳри Марв ба дунё омад. Ибтидо таҳсили фиқҳу ҳадис кард, лекин тавваҷуҳи бештар ба улуми авоил дошт. Аз илмҳои тиббу ҳандаса ва ҳикмат баҳра ҷуст. Дар арӯз ду шаҷара — ахрабу ахрамро барои баровардани вазнҳои рубоӣ тартиб дод.

Марвазӣ дар Марв дӯкони атторӣ дошт, ки ба табобат мепардохт.

Дар соли 1141, ки кори мамлакати Санҷар нобасомон шуд, Атсӯз бар Хуросон тохт ва китобхонаи Қаттон ба ғорат рафт. Ӯ чунин пиндошт, ки ин кор ба ишорати Рашидуддини Ватвот будааст. Ватвот дар боби табраъаи худ аз ин иттиҳом номае ба Қаттон навишт, ки Атомалики Ҷувайнӣ онро нақл кардааст. Дар ин боб миёни оҳо чанд нома радду бадал шуда аст. Марвазӣ асири ғазониён шуд (соли 1153). Дар замони исорат, туркони ғузро ба душномҳо дод, ки онҳо ба даҳони ӯ рехтанд, то фавтид[1].

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

«Кайҳоншинохт» аз муҳимму машҳуртарин китобҳои Марвазӣ дар бораи ситорашиносист.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. قطان مروزی، عین الزمان حسن. wikijoo.ir. ویکیجو | دانشنامه آزاد پارسی. 19 Январ 2021 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Сафо, Забеҳуллоҳ, Таърихи адабиёт дар Эрон (ҷилди дувум), интишороти "Фирдавс", чопи ҳафдаҳум.