Қаҳваранг
Қаҳваранг | |
| Ранги вебӣ | 964B00[1] |
|---|---|
| CSS color keyword | brown |
Қаҳваранг ё қаҳваӣ рангест, ки аз ранги норанҷӣ тиратар ва аз ранги сиёҳ пасттар аст. Онро метавон бо омехтани рангҳои сурху зард бо як ранги сеюм, ба монанди кабуд, ба даст овард.
Ранги қаҳваранг дар табиат бисёр дида мешавад. Унсурҳои муҳити зист, аз қабили маъданҳо, хок ва чӯб, аксар вақт ранги қаҳваранг доранд. Аз ин сабаб, бисёре аз ҷонварон пӯст, пашм, пулакча ва ё парҳои қаҳваранг доранд, то ки тавонанд дар муҳити зисташон худашонро беҳтар пинҳон кунанд. Инчунин, ранги қаҳварангро дар биологияи инсон низ дидан мумкин аст. Масалан, мӯйҳои қаҳваранг, чашми қаҳваранг, пӯсти қаҳваранг (зангӣ) ва ғайра. Бисёре аз растаниҳо ҳам, ин рангро дар нахҳояшон, пӯстлохашон, меваҳову тухмаҳояшон доранд.
Решаи ном
[вироиш | вироиши манбаъ]Решааш аз калимаи арабии ар. قَهْوَة - қаҳва гирифта шудааст, чун донаҳои ин растанӣ дорои ин ранг ҳастанд.