Қиматшо Шоискандаров
Қиматшо Шоискандаров | |
|---|---|
| Ном ба ҳангоми таваллуд | Қиматшо Шоискандаров |
| Таърихи таваллуд | 2 октябри 1941 |
| Зодгоҳ | Бидиз, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон |
| Таърихи даргузашт | 1 феврали 1978 (36 сол) |
| Маҳалли даргузашт | Хоруғ, ВМКБ, ҶШС Тоҷикистон |
| Солҳои фаъолият | 1958—1978 |
| Кишвар |
|
| Пеша(ҳо) | оҳангсоз, навозанда, сароянда |
| Соз | асбобҳои миллии мусиқӣ |
| Сабк | мусиқии халқӣ, мусиқии театрӣ |
| Ҳамкорӣ | Майсара Дилдорова, Сафарбегим Тошхӯҷаева, С. Абдумамадов |
| Ҷоизаҳо |
Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1975) Медали «Барои меҳнати шоён» |
Қиматшо Шоискандаров (2 октябри 1941, деҳаи Бидиз, ноҳияи Роштқалъа, ВМКБ — 1 феврали 1978, Хоруғ, ВМКБ) — оҳангсоз, навозанда ва сарояндаи тоҷик. Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1975).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қиматшо Шоискандаров 2 октябри соли 1941 дар деҳаи Бидизи ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омадааст. Аз ягон мактаби махсуси ҳунарӣ нагузашта, тариқи худомӯзӣ навохтани асбобҳои миллии мусиқиро аз худ кард. Аз синни 17-солагӣ дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хоруғ ба сифати мутриб ва сароянда корро оғоз намудааст.
Эҷодиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]Шоискандаров ба унвони оҳангсози театр ба бисёр намоишномаҳои саҳнавӣ мусиқӣ эҷод кардааст, ки муҳимтаринашон инҳоянд:
- «Ақида»
- «Фарҳод дар Норак»
- «Шабҳои фироқ»
- «Ҷон модаракон»
- «Ҳуррият»
- «Орзу»
- «Ҳалокати одат»
- «Байрақи мактаб»
- «Шермардҳо»
- «Се хушдор»
- «Шарори дилро бубахш»
Адои фаъолият ба ҳайси оҳангсоз ба ӯ муваффақияти бештар овард. Ӯ муаллифи қариб ҳафтод оҳангу суруд аст, ки овозхонони шинохтаи тоҷик, амсоли Майсара Дилдорова, Сафарбегим Тошхӯҷаева, С. Абдумамадов ва дигарон иҷро кардаанд.
Сурудҳои машҳур
[вироиш | вироиши манбаъ]- «Ҷилваҳои Дарвоз»
- «Сезарб»
- «Нолаи булбул»
- «Духтари зебо»
- «Хушрӯй Тоҷикистон»
- «Боқист»
- «Дӯст медорам туро»
- «Суруди дӯстӣ»
- «Ёр дар бар буд»
- «Чаро рафтӣ»
- «Духтари зебо гузашт»
- «Моҳи Шуғнонам»
- «Боғбони гул»
- «Эй ситораҳо»
- «Мӯ ба мӯ»
- «Бе ёр натвонам нишаст»
- «Тӯёна»
- «Хушрӯст модарам»
- «Дунё ғанимат аст»
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон (1975);
- Медали «Барои меҳнати шоён»;
- Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.