Қобилҷон Мансуров
Қобилҷон Мансуров (тав. 30.04.1949, шаҳри Душанбе) — физикдон, номзади илмҳои физика-математика (1988), дотсент (2002).
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Солҳои 1966–1971 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил ва 1971–1973 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1973–1976 муаллими физикаи мактаби миёнаи № 59 ноҳияи Колхозобод, 1976–1980 муаллими физикаи мактаби миёнаи № 62 ноҳияи Октябри ш.Душанбе, 1980–1988 ходими илмии Институти тадқиқотӣ- илмии ба номи С. Умарови АИ ҶШС Тоҷикистон, 1988–2002 муаллими калони кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 2002 инҷониб дотсенти кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Муаллифи зиёда аз 34 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо моеъҳои магнитӣ ва масъалаҳои таълиму тарбия мавриди тадқиқу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2002) ва ифтихорномаҳои донишгоҳи омӯзгорӣ мукофотонида шудааст.
Осор[вироиш | вироиши манбаъ]
Спектроскопияи моеъҳои магнитӣ дар ҳудуди зуддиҳои 3-30 МГц. (дастури методӣ), Д., 2004; Таҷрибаомӯзии педагогӣ барои донишҷӯёни соли хониши IV ва V, Д., 2004.