Қобилҷон Хушвахтзода
Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 5 июн 1982 (43 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб |
Кишвар |
![]() |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод |
Унвонҳои илмӣ | академики АМИТ |
Алма-матер | ДДМТ |
Роҳбари илмӣ | Владимир Юрчишин[d] |
Қобилҷон Хушвахтзода (Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, то соли 2019 Барфиев Қобилҷон Хушвахтович; зод. 5 июни 1982, ноҳияи Данғара, вилояти Кӯлоб) — иқтисоддон, аудитор, доктори илмҳои иқтисодӣ (2019)[1], профессор[2], узви вобастаи АМИТ (2024)[3] ва академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (2025)[4]. Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (аз 2024).арбоби давлатӣ. Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII, вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030.[5].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода 5 июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро солҳои 1989—1999 дар мактаби таҳсилоти умумии № 2-и ноҳияи Данғара гирифтааст. Соли 2004 факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси «Баҳисобгирии бахгалтерӣ, таҳлил ва аудит» хатм намудааст.
Хонавода
[вироиш | вироиши манбаъ]Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад[6].
Фаъолияти корӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода ассистенти кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит»-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004—2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи ДМТ (2005—2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи ДМТ (2009—2013), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011—2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013—2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018—2019)[7], директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони МТОК назди ДМТ (2019), декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2019—2020)[8] ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2020—2024)[9][10] буд.
Қобилҷон Хушвахтзода аз 16 январи соли 2024 Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин шудааст[11].
Фаъолияти илмӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода моҳи апрели соли 2010 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Рақобатпазирии хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар иқтисодиёти серсохт (дар асоси маводи Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[12] ва 25 январи соли 2019 рисолаи докториро дар мавзӯъи «Конкурентоспособность сельскохозяйственного производства и её учётно-аналитические основы: теория, методология, организация (на материалах Республики Таджикистан)»[13] дар пояи Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж. Баласагина ва Донишгоҳи славянии Русияву Қирғизистони шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон аз рӯи ихтисоси «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, омор» дифоъ кардааст.
Фаъолияти сиёсиву ҷамъиятӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода аз 11 апрели соли 2025 Вакили Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII, вакили Маҷлиси вакилони ҳалқи шаҳри Душанбе даъвати ҳафтум, солҳои 2025-2030. Аз 11 апрели соли 2025 - Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ мебошад.[14].
Ӯ ҳамзамон узви Раёсати Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таълифот
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобилҷон Хушвахтзода муаллифи беш аз аз 270 маводи илмӣ ва 50 дастури таълимию китобҳои дарсӣ мебошад[15].
Мукофоту ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- ордени Шараф
дараҷаи II (2023),
- медали ҷашнии “30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” (2024)
- Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ (2012),
- диплом ва ҷоизаи АИ ҶТ (2012),
- нишони "Аълочии маорифи Тоҷикистон" (2012),
- нишони “Аълочии фарҳангӣ Тоҷикистон” (2021),
- нишони “Аълочии Телевизион ва радиои Тоҷикистон” (2023),
- нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2023),
- Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (2021)
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Хулосаи шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-004 дар назди ДМТ. tnu.tj (28 Декабри 2019). 28 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
- ↑ Қарори ҷаласаи шӯрои диссертатсионӣ дар 6D.КОА-004 назди ДМТ. tnu.tj (28 Декабри 2019). 28 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
- ↑ Қобилҷон Хушвахтзода узви вобастаи Академия шуд. Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (15 май 2024). 4 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ ШАҲОДАТНОМА ВА НИШОНИ САРИСИНАГИИ НАВ БА АЪЗОИ АМИТ. amit.tj. АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН (4 июни 2025). 4 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт(тоҷ.). www.majmilli.tj. 14 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. amit.tj. 4 июни 2025 санҷида шуд.
- ↑ Кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ(тоҷ.). www.tnu.tj. 28 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 Январ 2020.
- ↑ Декани факултети молиявию иқтисодии ДМТ. fmi.tj. Факултети Молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. 27 Январ 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 феврали 2020.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин намудани Хушвахтзода Қ.Х.. president.tj. Президенти Тоҷикистон. 28 Январ 2020 санҷида шуд.
- ↑ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озод намудани Хушвахтзода Қ. Х.. www.prezident.tj. Президенти Тоҷикистон (6 Январ 2022). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъин намудани Хушвахтзода Қ. Х.. www.prezident.tj. Президенти Тоҷикистон (16 Январ 2024). 16 Январ 2024 санҷида шуд.
- ↑ Барфиев, Кобилджон Хушвахтович. Конкурентоспособность дехканских (фермерских) хозяйств в условиях многоукладной экономики: на материалах Республики Таджикистан. disserCat (2010).
- ↑ Жолочубеков Нурсултан. НАК ПКР | Барфиев Кобилджон Хушвахтович(рус.). 7 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2024.
- ↑ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт(тоҷ.). www.majmilli.tj. 14 июли 2025 санҷида шуд.
- ↑ Президенти АМИТ. www.anrt.tj. 7 феврали 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 7 феврали 2024.
- Pages using the JsonConfig extension
- Зодагони 5 июн
- Зодагони соли 1982
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони ноҳияи Данғара
- Докторони улуми иқтисод
- Олимон аз рӯи алифбо
- Иқтисоддонҳо аз рӯи алифбо
- Академикҳои АИ Тоҷикистон
- Дорандагони ордени Шараф
- Иқтисодшиносони Тоҷикистон
- Олимони Тоҷикистон
- Президентҳои АИ Тоҷикистон
- Аъзои вобастаи АИ Тоҷикистон
- Олимони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони Тоҷикистон
- Сиёсатмадорони асри XXI
- Вакилони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати VII
- Дорандагони нишони Аълочии маорифи Тоҷикистон