Қобил Зарифов
Қобил Зарифов | |
Таърихи таваллуд | 1966 |
Зодгоҳ | ноҳияи Айнӣ |
Пеша(ҳо) | сароянда |
Қобил Зарифов — сароянда-таронасаро, намояндаи ҳавзаи иҷроии Зарафшон, хонандаи боҳунари мероси мусиқии мардумӣ ва классикии тоҷик. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон (2011), бародари овозхони тоҷик Хурсандмурод Зарифов
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Қобил Зарифов фориғуттаҳсили мактаби ҳамагонии ноҳияи Айнӣ (1983), шуъбаи мусиқии анъанавии (сароянда) факултаи мусиқии тоҷики Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода (1989, таҳти раҳнамоии устодон Барно Исҳоқова, Боймаҳмад Ниёзов) буда, дар иҷрои мусиқии мардумӣ ва классикии тоҷик салиқаи хубихонандагӣ дорад. Қобил Зарифов баъди хатми донишгоҳи ҳунар фаъолияти иҷроияшро дар дастаи тарона ва рақси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев (1989) оғоз намуда, то имрӯз дар ин боргоҳ ҳунарнамоӣ мекунад. Қобил Зарифов дар сурудани қисм, шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо: «Сарахбори Ороми ҷон», «Қашқарчаи Савти Наво», «Муғулчаи Дугоҳ», «Сегоҳ» , «Чоргоҳ» ва ғ. завқу салиқаи нафиси иҷроӣ ба харҷ дода, иштирокдори симпозиум ва фестивалҳои байналмилалии мусиқӣ (Самарқанд-1987, Душанбе-2002, 2006) буда, барандаи озмуни ҳунарии «Ситораи сол» (2001) аст. Қобил Зарифов барои маҳорати баланди иҷроӣ ва тарғиби мероси мусиқии тоҷик бо нишони «Хидмати шоиста» (2002), «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2001) ва ифтихорномаҳои Вазорати фарҳанги ҶТ мушарраф шудааст.[1]
Ҳамчунин нигаред
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 75 ISBN 978-99947-49-13-3