Қобуснома

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қобуснома
Нигора
Номи расмӣ форсӣ: نصیحت‌نامه[1]
Унвони мақола форсӣ: قابوس‌نامه
Номида ба шарафи Қобус ибни Вушмагир
Кишвар
Жанр Q5931720? ва Q5669580?
Нависанда Унсурулмаъолии Кайковус
Забони навиштаҷот ё осор/асар форсӣ
Dedicated to Гелоншоҳ[2]
Document file on Wikimedia Commons
 Парвандаҳо дар Викианбор

«Қобуснома» (форсӣ: قابوس‌نامه‎), ё «Насиҳатнома» (форсӣ: نصیحت‌نامه‎) — китобе ба забони форсӣ, навиштаи Унсурулмаъолии Кайковус дар соли 1082, ки матолиби он ба сурати насиҳату панд баён мешаванд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Кайковус Гелоншоҳ ном писаре доштааст. Ӯ бо мақсади тарбияи фарзанди гиромии худ ва ба роҳи неки зиндагӣ ҳидоят намудани вай дар сини 63-солагӣ ба навиштани насиҳатномае шурӯъ мекунад, ки бо номи «Қобуснома» машҳур аст. Кайковус насиҳатномаи худро барои адои «шарти падарӣ» бо мақсади тарбияи фарзандонаш таълиф кардааст, вале он ба дастури ахлоқиву тарбиявӣ ва китоби бадеиву хондании ҳазорҳо одамон табдил ёфт ва номи муаллифашро дар таърихи адабиёту афкори педагогии халқҳои тоҷику форс ҷовидони сабт намуд. Инчунин Кайковус ба моҳияти ақл дар ҳастии инсон диққати ҷиддӣ дода, онро сарчашмаи ҳамаи хислатҳои ҳамида медонад ва роли бузурги тарбияву меҳнатро дар такомули ақли инсонӣ таъкид месозад. Чунон, ки шарқшиноси маъруфи шуравӣ Е. Э. Бертелс қайд карда буд, «Қобуснома» на ба забони адабии эронӣ, балки бо забони адабии сокинони каламрави Сомониён, яъне тоҷикон навишта шудааст.

Бо ҳуруфи имрӯзаи тоҷики мунтахаби «Қобуснома» бори аввал соли 1968 аз тарафи адабиётшинос Девонақулов дар шакли китобчаи алоҳида тахти унвони «Насиҳатнома» нашр гардид. Ниҳоят бояд гуфт, ки ин асар бо номҳои гуногун аз қабили «Насиҳатнома», «Панднома», «Андарзнома» ёд мешавад.

Насри гузаштаи тоҷику форс ҳам ба мисли назми оламшумули он таърихи анъанаҳои шоистаеро дорост. Қобусномаи Унсурмаолии Кайковус дар силки он дурдонаҳоест, ки зиеда аз 900 сол пеш аз ин эҷод шуда, то имрӯз арзиши худро аз даст надодааст ва ҷилову дурахши пешинаашро гум накардааст. Аз ин китоб, ки пур аз панду андарзҳои ҳакимонаву ҳикояту саргузаштҳои ибратбахш иборат аст, чандин насл сабақи зиндагӣ омухта, дарси ахлоқу одоби ҳамида гирифтаанд ва ба тарзи рӯзгордории гузаштагон шиносои пайдо карда, анъанаҳои неки онро давом додаанд.

Бобҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Кобуснома аз 44 боб иборат буда, ҳар боби он ба яке аз масъалаҳои гуногуни ахлоқу одоб, расму оин, маишату рӯзгордорӣ, оилаву хонадори таҳсилу таълим, омӯзиши касбу ҳунар, санъату варзиш, сиёсату идораи мамлакат ва дигар паҳлуҳои зиндагии инсон бахшида шудааст. Унсурмаолии Кайковус пас аз бобҳои анъанавӣ, ки бо тақозои мафкураи ҳукмрони замони ӯ ҷанбаи динӣ доранд, аз боби панҷум сар карда, таваҷҷуҳи хонандаро ба шинохтани ҳаққи падару модар ҷалб менамояд, аз фазилатҳои асосии инсон — нутқи саханварӣ ва некиву накукорӣ мулоҳизаҳо баён мекунад. Кайковус баёнро аз моҳияти инсон шурӯъ намуда, дар бобҳои гуногун дар бораи ташаккули фарзанд аз кудакиву ҷавони то пири ва аз омузиши илму пешаҳои гуногун, тадричан то ба дарачаи хукмрони мамлакат расидани ӯ сухан меронад.

Дар Қобуснома Кайковус пеш аз ҳама ба некиву накукорӣ диққат медиҳад ва инро аз фазилатҳои асосии инсон дониста, дар ҳар маврид талқин мекунад:

«Аммо некӣ аз сазовори некӣ дареғ мадор ва некиомӯз бош… Ва бар некӣ кардан пушаймон мабош…»

Дар бобҳои гуногуни «Қобуснома» муаллиф ҷоҳилӣ, фиреб, худписандӣ, бадгӯи, кинаву бахилӣ, риёю ситам барин хислатҳои зиштро маҳкам намуда, дустию некукорӣ, ростиву ҷавонмардӣ, саховатмандӣ, фурутанӣ, беозорӣ ва дигар фазилатҳои ҳамидаи инсониро ситоиш ва талқин мекунад.

Гар бар сари моҳ барниҳи пояи тахт,
В-ар ҳамчу Сулаймон шавӣ аз давлату бахт.
Чун умри ту пухта гашт, барбанди рахт,
К-он мева, ки пухта шуд биафтад зи дарахт.

Тарҷумаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

«Қобуснома» ба якчанд забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла туркӣ, олмонӣ, англисӣ, русӣ ва арабӣ тарҷума шудааст. «Қобуснома» бо забони русӣ низ қобили дастрасӣ аст.[3]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Кайковус. Қобуснома. — Д. : Адиб, 1990