Қодисия (шаҳри таърихӣ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Маҳалли аҳолинишин
Қодисия
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё

Қодисия — номи шаҳраки бостоние дар ҷануби Ироқ воқеъ дар сиву як км.-ии Куфа, ки соли 14 ва ё 15 ҳ./636 м. (бо ихтилофи назари таърихнигорони он давра дар таъйини таърихи вуқуи он) дар он ҷо дар байни сипоҳи форс бо солории Рустами Фаррухзод ва лашкари ислом бо сарварии Саъд ибни Абуваққос задухурди таърихие ба вуқуъ пайваст, ки ба шикасти сипоҳи форс мунтаҳӣ гардид ва дари сарзамини Иронро ба рӯи фотеҳони мусалмон дар оянда кушод.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз шикастҳои пай дар пайи ирониён аз ҷанговарони ислом дар Ироқ Яздгирди Сеюм шоҳи Ирон ба тақвияти посгоҳҳои марзӣ байни Ироқ ва нимҷазираи Араб пардохт, барои ҳимояи шаҳрҳои Ҳира, Анбор ва Убулла неруҳои кумакӣ фиристод ва ба Рустам, ки фармондеҳии сипоҳро бар уҳда дошт, супориш дод бо тамоми қувва ба ҷанги мусалмонон биравад. Ин вазъи баамаломада сабаб гардид, ки баъзе қабоили ироқӣ, ки тобеи мусалмонон гашта буданд, аз итоати онҳо сарпечанд ва бо ирониён ҳамсӯ шаванд. Мусанно ибни Ҳорисаи Шайбонӣ яке аз номоварони лашкари ислом, ки пас аз интиқоли Холид ибни Валид ба ҷабҳаи Шом назорати сарзаминҳои фатҳшудаи Ироқ ва фармондеҳии қувваҳои мавҷуд дар он ҷоро бар уҳда дошт ва дар минтақаи Зуқор мустақар гардида буд, аз таҳаввули авзоъ ва ҳаракати неруҳои форс ба он сӯ ба Умар – халифаи ислом (р) навишт. Умар (р) ба тамоми қабоили араб супориш дод, ки пас аз мавсими ҳаҷ ҳарчи зудтар дар Мадина гирд оянд ва онҳое, ки ба Ироқ наздиктаранд, ба Мусанно бипайванданд ва мунтазир бошанд, то амрҳои ӯ ба онҳо бирасад.

Пас аз адои фаризаи ҳаҷ Умар (р) бо неруҳои гирдомада дар семилии беруни Мадина ба самти Ироқ дар ҷое бо номи Сирор урду зад ва оҳанги ҳаракат ба Ироқ ва азми роҳбарии бевоситаи ҷанг бо сипоҳи Форсро дошт, вале бузургони саҳоба ӯро аз ин кор боздоштанд ва интихоби онҳо дар ин амр бар Саъд ибни Абуваққос (р) афтод. Саъд (р) ба амри халифа Умар (р) бо қувваҳои гирдомада ба сӯи Ироқ ба роҳ афтод ва дар мавзеъе бо номи Шароф урду зад ва пас аз ороиши созу барги лашкар ба минтақаи Қодисия омад.

Рустам низ ба ороиши сипоҳи форс пардохт ва Ҷолинусро бар муқаддима – қисмати пеши лашкар, Ҳурмузон ва Меҳронро бар майманаву майсара, Баҳмани Зулҳоҷибро бар саворон, Биндувонро бар талоядорон ва Зод ибни Буҳайшро бар пиёдагон гуморд ва худ бар қалби он қарор гирифт. Онҳо сию се пили ҷангӣ низ бо аробаҳои теғдор ва таҷҳизоти тамом бо худ доштанд. Чӣ бошад, ки Рустам аз ҷанг бо мусалмонон фоли бад гирифта ва шикасти форсро ногузир медид. Вай ба ҷанг чандон рӯи хуше аз худ нишон намедод ва тамоюл ба бастани паймони сулҳ бо лашкари ислом дошт, аз ин рӯ, борҳо дархости ирсоли намояндагоне аз сӯи Саъд (р) намуд ва бо онҳо дидор кард. Вақте гуфтори ҳамаи намояндагонро яксон ва зоҳиру ботин ва оливу донии онҳоро муваҷҷаҳ ба як самт дид, дигар фарҷоми ҷангро ба нафъи ирониён намедид, вале пофишориҳои Яздгирд ӯро ба рӯёрӯӣ ва чашидани таъми талхи он маҷбур сохт.

Тибқи ривоятҳои таърихӣ ҷанги Қодисия чаҳор рӯз идома ёфтааст, ки рӯзи нахустини онро рӯз ва ё ҷанги Армос, рӯзи дуюмро явми Ағвос, рӯзи сеюмашро явми Имос, шаби сеюмро, ки фардояш рӯзи чаҳорум ва явми Қодисия аст, лайлату-л-Қодисия ва ё лайлату-л-ҳарир номиданд. Ҳарир бо ҳои ҳавваз ба маънои ҳаёҳуй ва садову фарёд аст. Рӯзи аввали ҷанг вақте сипоҳи форс бо пилони ҷангии муҷаҳҳаз ба аробаҳои теғдор ба мусалмонон ҳамла оварданд, лашкари ислом талафоти зиёде дод ва доираи ҷанг ба нафъи форсҳо меҷархид. Дар рӯзҳои баъдӣ расидани мададҳои тозае ба мусалмонон, ёфтани роҳи муқобала бо пилон ва аз кор андохтани ин дастгоҳи ҷангии ирониён ва болотар аз ҳама рӯҳияи имонии ҷанговарони мусалмонон доираи ҷангро ба нафъи онҳо тағйир дод ва шикастҳои паёпае ба сипоҳи форс ворид сохтанд. Шаби сеюм ба чаҳорум, ки дар таърих ба лайлату-л-ҳарир маъруф аст, ҷанг то субҳ идома ёфт ва саранҷом рӯзи чаҳорум дастае аз ҷанговарони ислом бар қалби сипоҳи форс ҳамла оварданд ва фармондеҳи он Рустами Фаррухзодро дар зери сиқле аз либоси оҳанин бикуштанд. Вақте дирафши Ковиён ба замин афтод, бозмондагони сипоҳ рӯй ба гурез ниҳоданд, вале фавчҳое аз онҳо, ки пойҳои худро дар занҷирҳои тӯлонӣ бо ҳам баста буданд, аз худ муқовимат нишон додан ва аксарашон дар он набард кушта шуданд.

Аз он ҷо ки ҷанги Қодисия дар таърихи ислом ва империяи онрӯзаи форсҳо яке аз задухурдҳои сарнавиштсоз буд ва роҳро барои футуҳоти баъдии мусалмонон дар сарзамини Ирон кушод ва намунае аз фидокориҳои мардони роҳи Худоро ба намоиш гузошта, дар бораи шумораи ҷангиёни ду тараф, рашодатҳои ва поймардии ҷанговарон, миқдори ғаноим ва асирони ҷангӣ, шакли моликияти заминҳои фатҳшуда ва дигар рӯйдодҳои мутааллиқ ба он гузоришоти гуногуне дар китобҳои таърих дарҷ шуда, ки баъзан бо ҳам зидду нақиз ва баъзан муболиғаомез ҳам мебошанд ва ҷудо ва пешкаш намудани ривоятҳои саҳеҳ аз он миён, ки ҳам бо шавоҳид ва мутобеонти саҳеҳ дар сарчашмаҳои дигар таъйид шаванд ва ҳам бо воқеият мувофиқ бошанд, хеле мушкил аст. Даҳҳо ва ҳатто садҳо ривояти таърихиро дар китобҳои таърих, ба хусус таърихи Табарӣ ва амсоли он мебинем, ки бо санадҳои заъиф ривоят шудаанд ва дар онҳо аз сӯи ровиён пардози зиёде ба ҳодиса дода шуда ва аҳёнан гузоришҳои муболиғаомез ва носаҳеҳе нақл гардидаанд. Инак гузидаи ривоятҳо – шавоҳид ва мутобеоти саҳеҳро аз китобҳои таърих ва ҳадис дар бораи рӯйдодҳои ин набарди сарнавиштсоз пешкаши хонандагон менамоем: а) Шумораи ҷанговарони мусалмон шаш, ҳафт то ҳашт ҳазор тахмин шудаанд ва шумораи сипоҳи Ирон бо солории Рустам дар ривоятҳои саҳеҳ сӣ ҳазор ва дар баъзе ривоятҳои ҳасан ҳудуди шаст ҳазор нафар зикр шудааст ва ривоятҳое, ки шумораи онҳоро саду бист ҳазор гуфта, заъиф буда адади муболиғаомезеро зикр кардаанд. Имом Абуюсуф дар китоби Хароҷ аз Ҳусайн аз Абувоил овардааст, ки Саъд ибни Абуваққос (р) бо мардум дар Қодисия фуруд омад ва гуфт: Намедонам, шояд адади мо аз ҳафт ва ё ҳашт ҳазор бештар набошад, дар ҳоле ки мушрикон шаст ҳазор ва ё ҳудуди онро ташкил медиҳанд ва бо худ фил доранд (С. 29, санадаш ҳасан аст). Шумораи умумии лашкари ислом бо мададҳои расида шояд ҳудуди нуҳ ҳазорро ташкил медод.

б) Дар бораи соли вуқуъи ҷанги Қодисия дар байни муаррихон се нуқтаи назар вуҷуд дорад: а) соли 14 ҳ., б) соли 15 ҳ., в) соли 16 ҳ. Назари аввалро илова бар Табарӣ аксари муаррихони дигар низ, ба монанди Ибни Ҷавзӣ дар ал-Мунтазам (4/160) ва Ибни Касир дар Бидоя ва ниҳоя (7/63) тарҷеҳ додаанд. Ибни Исҳоқ, Халифа ибни Хайёт дар таърих (С. 131) ва Заҳабӣ дар Таърихи ислом (С. 142-144) онро соли 15 ҳ. донистаанд. Вале назари сеюм, ки нозир ба соли 16 ҳ. аст, Худо беҳтар донад, аз воқеият хеле баъид аст.

в) Шумораи сарбозоне аз сипоҳи форс, ки худро ба занҷирҳо баста ва бо аҳли салосил маъруф шуданд, низ дар баъзе ривоятҳо хеле муболиғаомез – 30 ҳазор зикр шудааст. Зеро вақте шумораи умумии сипоҳи форс бино ба ривоятҳои дараҷаи дуввум ҳудуди шаст ҳазор нафарро ташкид диҳад, пас чӣ гуна нисфи онҳо худро ба занҷир афканда будаанд. Асли воқеа дуруст аст ва нафароне ва ё фавҷҳое аз сипоҳи форс худро барои пешгирӣ аз фирор ба занҷир бастаанд, вале бояд миқдори каме аз сипоҳро ташкил диҳанд.

г) Қисмате аз ривоятҳои заъиф ҳатман асле дошта ва он рӯйдод ба гунае ба вуқуъ пайвастааст, ки ин ривояти заъиф ва ё муболиғаомез дар бораи он ба вуҷуд омадааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Доиратулмаорифи форсӣ. Ҷ, 2. – Теҳрон, 1387 ш.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]