Қолаби парванда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Қолаби парванда — ба равиши стандарти захираи парванда дар роёна гуфта мешавад.

Иттилоот ва барномаҳо ба василаи файлҳо дар ҳофизаи роёна нигаҳдорӣ мешавад. Ба ин файлҳо гоҳе парванда низ гуфта мешавад. Парвандаҳо бо таваҷҷуҳ ба навъи муҳтавиёте, ки дохилшон вуҷуд дорад ба анвоъ ё қолабҳои мухталифе тақсим мешаванд. Масалан қолаби матнӣ, тасвирӣ, савтӣ, филм ва ғайра.

Файлҳо маъмулан дорои ду қисмат мебошанд. Яке ном ва дигаре пасванд. Номи файл нишондиҳандаи мавзуъи файл ё парванда мебошад ва пасванд он, ки то се ҳарф метавонад бошад нишондиҳандаи навъ ё қолаби парванда аст.

Дар системҳои омили графикӣ монанди Виндовас барои ташхиси навъ ё қолаби файл роҳи дигаре низ вуҷуд дорад. Бад-ин сурат, ки ба ҳар навъ файле як шакл ё икони хос ихтисос дода шудааст. Масалан ҷиҳати файлҳои матнӣ, шакл як коғаз, файлҳои тасвирӣ шакл як коғаз ба ҳамроҳи мӯқалам ва ба ҳамин шакл метавон гуфт, ки шаклҳои ҳамоҳанг бо мавзӯъ он парванда таъйин мешаванд.

Намунаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • пасванди файлҳои матнӣ иборатанд аз: txt, rtf, doc ва pdf
  • пасванди файлҳои савтӣ иборатанд аз: amr, ape, mid, mp3, mpc, ogg, tta, wav ва wma
  • пасванди файлҳои видеоӣ иборатанд аз: 3gp, avi, bik, flv, mpg, wmv ва dat
  • пасванди файлҳои тасвирӣ иборатанд аз: bmp, gif, cur, jpg, mbm, png, psd ва tiff
  • пасванди файлҳои фишурда иборатанд аз: jar, rar, zip, 7zip, nrg, bin, cue, iso, img, ima, zip ва cab
  • формати сафаҳоти захирашуда аз веб иборатанд аз: html ва htm

Шумо низ метавонед барои тағйир ҳар гуна аз файлҳо пасванд онро тағйир диҳед

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]