Қонуни севуми термодинамика
Ибтидои севвуми термодинамика (қонуни ҳароратии Нернст, теоремаи Нернст) — яке аз қонунҳои термодинамика, ки тибқи он энтропия (S)-и системаи дилхоҳи физикӣ ҳангоми майли ҳарорат (Т) ба сифри мутлақ ба мушаххасоти система (фишор, зичӣ, фаза) вобаста набуда, бетағйир боқӣ мемонад:
ΔST=0 = 0, яъне ST=0 = const ё ST=0 = 0
Қонуни мазкурро Нернст муқаррар карда буд (1906). Тавассути ибтидои севуми термодинамика қимати мутлақи энтропия ёфта мешавад, ки онро дар доираи термодинамикаи классикӣ дар асоси ибтидои якуми термодинамика ва ибтидои дуввуми термодинамика муайян кардан мумкин нест. Дар термодинамикаи классикӣ энтропияро танҳо бо саҳеҳии то адади доимии ихтиёрию аддитивии S0 муайян кардан мумкин аст. Тибқи ибтидои севуми термодинамика дар ҳарорати ба сифр майлкунанда фарқи энтропияҳо ба сифр майл мекунад. Соли 1911 М. Планк ибтидои севуми термодинамикаро чун шарти ба сифр майл кардани энтропияи ҳамаи ҷисмҳо ҳангоми майл кардани ҳарорат ба сифри мутлақ маънидод намуд. Аз ин ҷо S0 = 0 мебошад, ки он ба муайян кардани қимати мутлақи энтропия ва потенсиалҳои термодинамикӣ имкон медиҳад. Маънидоди Планк ба таърифи энтропия дар физикаи статистикӣ (оморӣ) тавассути эҳтимолияти термодинамики (W)-и ҳолати система (принсипи Болсман) мувофиқ меояд. Дар сифри мутлақи ҳарорат система дар ҳолати асосии квантию механикӣ қарор дорад, агар он масх («хароб») нашуда бошад (барои он W = 1 аст). Аз ин рӯ, энтропия S ҳангоми Т = 0 будан ба сифр баробар мебошад. Дар асл дар ҳама андозагириҳо майли энтропия ба сифр назар ба он, ки дар ҳарорати ба сифр майлкунанда афзоиши дискретияти сатҳҳои квантии системаи макроскопии боиси пайдоиши ҳодисаи масхи квантигарданда ба вуҷуд меояд, хеле пештар зоҳир мешавад.
Аз ибтидои севуми термодинамика бармеояд, ки сифри мутлақи ҳароратро дар ягон раванди ниҳоии ба тағйирёбии энтропия алоқаманд ба даст овардан мумкин нест, ба он танҳо ба таври асимптотикӣ наздик шудан мумкин аст. Бинобар ин, ибтидои севуми термодинамика-ро баъзан чун принсипи дастнорасии сифри мутлақ маънидод мекунанд. Аз ибтидои севуми термодинамика чандин натиҷаҳои термодинамикӣ оид ба хосиятҳои моддаҳо дар наздикии сифри мутлақ бармеоянд. Мас., гармиғунҷоишҳои хос дар ҳаҷми доимӣ (Сv) ва дар фишори доимӣ (Сp), зариб (коэффитсиент)-и ҳароратии васеъшавӣ ва фишор ба сифр майл мекунанд. Мухолифати зоҳиршуда дар ибтидои севуми термодинамика (қимати ғайрисифрии энтропия дар як қатор моддаҳо дар сифри мутлақ) ба ҳолатҳои метаустувори моддаҳо алоқаманд аст, ки ин ҳолатҳоро аз нуқтаи назари термодинамикӣ ҳолатҳои мувозинатӣ ҳисоб кардан мумкин нест.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибтидои севвуми термодинамика / П. Г. Нуров // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.