Қонуни якуми термодинамика
Ибтидои якуми термодинамика — яке аз қонунҳои асосии термодинамика, қонуни бақои энергия барои системаҳое, ки дар онҳо равандҳои физикӣ ба интиқоли ҳарорат вобастаанд. Ибтидои якуми термодинамикаро бори аввал олими олмонӣ Ю. Р. Майер таъриф дода (1841), Ҷ. П. Ҷоул онро дар таҷриба исбот кард (1843—1850). Хосияти умумии қонуни бақои энергия аз ҷониби Г. Гелмголс соли 1847 бо усули математикӣ собит карда шудааст.
Тибқи ибтидои якуми термодинамика система корро ё аз ҳисоби энергияи дохилии худ ё аз ҳисоби энергияи ягон манбаи беруна иҷро карда метавонад. Агар ба ягон системаи термодинамикӣ миқдори муайяни энергия (Q) дода шавад, энергияи дохилии он ба ҳамин бузургӣ тағйир ёфта, система ягон кор (А)-ро анҷом медиҳад: U2 — U1 = -A + Q (1), дар ин ҷо A ва Q — бузургии ченшаванда, U1, U2 — мувофиқан энергияи дохилии ҳолати аввала ва ниҳоии система мебошанд. Баробарии (1) то кадом андоза тағйир ёфтани энергияи дохилии системаро нишон медиҳад: U2 — U1 = ∆u. Энергияи дохилӣ U1 функсияи ҳолат буда, танҳо ба фарқи Q — A вобаста аст, на ба ҳар яке аз ин бузургиҳо. Ибтидои якуми термодинамика робитаи байни энергияи дохилии система U1, кор A, ки система ба муқобили қувваҳои беруна анҷом медиҳад ва миқдори гармо (ҳарорате)-ро, ки система аз муҳити атроф мегирад, муқаррар мекунад. Барои тағйироти беохир хурди ҳолати система Ибтидои якуми термодинамика дар намуди дифференсиалӣ: dU = -dA + dQ ифода карда мешавад. Агар система якҷинса (моеъ, газ) бошад, пас таъсири мутақобилаи он бо муҳити атроф танҳо бо фишор р ба амал меояд ва dA = pdV мешавад, ки ин ҷо V — ҳаҷми система буда, dU = — pdV + dQ мешавад. Яке аз таърифҳои Ибтидои якуми термодинамика чунин аст: муҳаррики абадии ҷинси 1, яъне муҳаррике, ки бе истифодаи энергия аз ягон манбаъ кор иҷро мекунад, вуҷуд надорад. Ин фикри тасдиқшуда ба қонуни бақои энергия марбут аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ибтидои якуми термодинамика / Ш. Тӯйчиев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.