Қонунҳои органикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Қонунҳои органикӣ — (аз калимаи франсавии - органикӣ, ташкилӣ-расмӣ гардондашуда) - навъи қонунҳое, ки мувофиқи Конститутсияи Фаронса соли 1958 ба низоми сарчашмаҳои ҳуқуқи давлатӣ (конститутсионӣ) дохил карда шудааст. Дар қонунгузории чандин давлатҳои дигар низ ҷои қонунҳои органикӣ муайян карда шудааст. Одатан дар Конститутсияи ин мамлакатҳо доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки фақат бо қонунҳои органикӣ танзим шуданаш мумкин аст, муайян карда шудааст. Дар модцаи 81 Конститутсияи Испания муқаррар карда шуда- аст, ки зери мафҳуми қонунҳои органикӣ он қонунҳое дониста мешаванд, ки инкишофи ҳуқуқу озодиҳои асосиро муайян мекунанд, вазъи ҳуқуқии ҷомеаҳои мухторй, ҳуқуқи умумии интихоботро танзим менамоянд ва инчунин дигар қонунҳоест, ки Конститутсия пешбинӣ кардааст. Қонунҳои органикӣ мувофиқи Констнтутсияи Гурҷистон (модцаи 66), Молдова (моддаи 74) бо аксарияти овозҳои вакилони интихобшуда қабул мешавад, қонунҳои ҷорӣ бошад, бо аксарияти овозҳои вакилони ҳузурдошта қабул мегардад. Дар моддаи 72 Конститутсияи Молдова қонунҳои мамлакат ба се намуд: конститутсионӣ, органикӣ ва ординарӣ ҷудо шудааст. Ҳамагӣ шонздаҳ номгӯн муносибатҳои ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд, ки оид ба онҳо қонунҳои органикӣ қабул карда мешаванд. Инчуннн қонунҳои органикн дар соҳаҳое қабул карда меша- ванд, ки парлумон зарур донистааст. Дар ҳуқуқи конститутсионии ҶТ айнияти қонунҳои органикӣ қонунҳои конститутсионӣ мебошанд (ниг. Ба Қонунҳои консгитутсионӣ).[1]

Нигаред низ[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 258