Қорӣ Исомуддини Бухороӣ
Қорӣ Исомуддини Бухороӣ |
|---|
Исомӣ Қорӣ Исомуддини Бухороӣ (? — 1905, Бухоро) — қории Қуръон ва шоири тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Мувофиқи маълумоти тазкиранигорони қарни XIX — Муҳтарам («Тазкирату-ш-шуаро»), Абдӣ («Тазкирату-ш-шуаро») ва дигарон Исомӣ шахси таҳсилдида, воқиф аз улуми мутадовилаи давр, масалан, аз тасаввуф, қории моҳири Қуръон низ буд. Аз хусуси девони ӯ иттилоъ дода нашудааст, вале дар баёзу тазкираҳои қарни XIX шеърҳояш (ғазалҳо, қасидаҳо, мухаммасҳо ва ғ.) бисёранд. Асосан дар мавзӯи ишқу ошиқӣ шеър сурудааст.
Абёти зер аз ӯст:
Намеёбам нишон, ҳарчанд меҷӯям нишонашро,
Чӣ сон пас бар забони орзу гирам даҳонашро?
Ба гардан тавқи фармонаш чу қумрӣ солҳо бастам,
Ҳанӯз ӯ аз канорам мекашад сарви равонашро.
Ба фикри нақши тасвири қадаш наққош мерақсад,
Қалам натвон кашидан як сари мӯи миёнашро.
Хато, ҳошо, раво бо шасти тири ғамзааш набвад,
Гар аз мижгон кунад ӯ тири абрӯи камонашро.
Бувад дур аз тавозуъ бар забон олудани номаш,
Чӣ сон гирам ба вақти бӯса бо лабҳо лабонашро?
Табу тобе, ки аз ҳаҷраш зи шаб то рӯз ман дорам,
Забони шамъ месӯзад, агар созад баёнашро.
Бинозам он қаду рафторро, ҳар кас ба як дидан
Фидояш гашта созад садқа аввал молу ҷонашро.
Агар зоҳид намояд таъна з-ин пас аҳли риндонро,
Ба тасбеҳаш қасам, оташ занам риши калонашро.
Исомӣ, нестам дилҷамъ ҳаргиз ман дар ин гулшан,
Магар зад шона он кокулпарешон гесувонашро?!
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Исомӣ // Илм — Исҳоқ. — Д. : СИЭМТ, 2019. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 8). — ISBN 978-99947-33-98-9.