Қорӣ Сулаймон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қорӣ Сулаймон
Сулаймон Сиддиқов
Таърихи таваллуд 1884(1884)
Зодгоҳ Хуҷанд
Таърихи даргузашт 1968(1968)
Пеша(ҳо) сароянда

Қорӣ Сулаймон (Сиддиқов Сулаймон, с.тав.1884, Хуҷанд, с. ваф.1968, Хуҷанд), сароянда, мутриб-оҳангсоз. Санъати сознавозӣ, овозхониро назди Содирхон (1847-1931) фаро гирифтааст. Қорӣ Сулаймон баробари мутрибӣ дар заводу корхонаҳои саноатӣ ба сифати сардори гурӯҳи коргарон (Харков, 1916), аз фаъолони зидди босмачиён (1918-1928), корманди шуъбаи корҳои дохилию амнияти вилоят (Ленинобод, 1928-1937) хидмат кардааст. Қорӣ Сулаймон аз шогирдони боҳунари Содирхон буда, бисёр паҳлӯҳои иҷроиро аз ӯ андӯхта, ҳатто пешопеши тобути устодаш бо суруд ӯро ба хонаи охират мегуселонад. Қорӣ Сулаймон. зиёда аз 60-суруду навоҳои классикиро ҳифз намуда, бо сабки хоси иҷроӣ (бештар бо сабки Содирхон) манзури сомеон намудааст. Қорӣ Сулаймон бо сарояндагони саршиноси ҳавзаи иҷроии Хуҷанд Абдуқодир Каримов, Мадамин Назиров «ашӯлаи калон»-ро бисёр мусиқивору рангин месуруд ва дар инкишофи анъанаи иҷроии шаклу анвои шеърию мусиқии «нақш» бештар саҳм дошта, дар ин замина корҳои зиёди ҳунарӣ кардааст.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Таджикская музыка, Душ., 2003; Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ, Хуҷанд, 2006.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 112 ISBN 978-99947-49-13-3