Қосимзода Идигул Тағо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Қосимзода Идигул Тағо
Қосимзода Идигул Тағо
Таърихи таваллуд: 4 январ 1966(1966-01-04) (54 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Вахш, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Таҳсилот: Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппа
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ: профессор
Ҳизб: Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон

Қосимзода Идигул Тағо - олим, омӯзгор, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зиндагинома[вироиш]

Қосимзода Идигул Тағо 4 январи соли 1968 дар ноҳияи Вахш бадунё омадааст. Миллат тоҷик. Соли 1990 Донишкадаи омўзгории шаҳри Қўрғонтеппаро (ҳозира шаҳри Бохтарро) хатм кардааст. Ихтисос омўзгор, доктори илмҳои педагогӣ.

  • Солҳои 1990-1992- Котиби масъули шуъбаи кор бо ноболиғони Ҳукумати ноҳияи Вахш
  • Солҳои 1992-2003- Омўзгори мактаби таҳсилоти умумии №51-и ноҳияи Вахш
  • Солҳои 2003-2006- Омўзгори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистонба номи Сотим Улуғзода
  • Солҳои 2008-2015- Муовини ректор оид ба тарбияи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
  • Аз январи соли 2017 то 2020. Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.

1 марти соли 2020 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Қосимзода Идигул Тағо(тоҷ.). www.parlament.tj. 3 апрели 2020 санҷида шуд.