Зиёии Бухороӣ
Намуди зоҳирӣ
(Тағйири масир аз Қосими Зиё)
Зиёии Бухороӣ |
|---|
Зиёии Бухороӣ (форсӣ: ضیائیِ بخارایی), маъруф ба Қосими Зиё (қарни XVI) — шоири форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Бинобар маълумоти Мутрибӣ дар «Тазкирату-ш-шуаро», ӯ аз табақаҳои камбизоати ҷамъият ва фақирмарди дарвешмашраб буд, аммо ҳеч гоҳ касеро мадҳ накард ва аз касе ҳам тамаъ надошт. Дар ашъораш бо сӯзу гудоз аз замона шикоят кардааст:
Дар ин замона касеро зи ишқ нест хабар,
Ба ҳар кӣ сӯи ту бинад, гумони ишқ мабар.
Бо лофи ёрии ҳар сифла эътимод макун,
Ки халқро шуда дил дигару забон дигар.
Ба лутф марҳами реши шикастаҳоле бош,
Ки шуд зи дарди ту фарсуда ҷону хаста ҷигар.
Сари Зиёӣ агар дар ғамат ба бод равад,
Зи хоки пои ту, эй сарв, барнадорад сар.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Зиёии Бухороӣ / У. Каримов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.