Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Хоҷа Абулқосим Қосимӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Қосимӣ, Хоҷа Абулқосим)
Хоҷа Абулқосим Қосимӣ

Хоҷа Абулқосим Қосимӣ (форсӣ: خواجه ابوالقاسم قاسمی‎, охири қарни XV ва ибтидои қарни XVI) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Давраи кӯдакӣ ва ҷавонии ӯ дар зодгоҳаш — Маҳна гузашт. Барои такмили дониш ба Ҳирот, ки маркази илму адаби ҳамон давра буд, омад ва дар назди донишмандони маъруф илмҳои расмии замонро фаро гирифт. Мутарҷими тазкираи «Маҷолису-н-нафоис» — Фахрии Ҳиравӣ, Қосимиро дорои ахлоқи ҳамидаву атвори писандида гуфтааст. Қосимӣ шеърро наку мегуфт ва дар эҷоди ғазал шуҳрат пайдо кард.

Матлаъи зер аз ӯст:

Гар бе рухат сӯйи чаман баҳри тамошо бингарам,
Ҳар барги гул хоре шавад дар чашми ман, то бингарам.